Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

08.04.2016

БМТ: ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МКД/МТ баргузор гардид

Имрӯз, 8 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии зикршуда Ватанзода М.М. баргузор гардид. 

Majlisi fin mon-1.jpg

Дар ҷараёни вохӯрии имрӯза дар назди аъзои комиссия Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Латифов У.Б ва масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо мақсади ҳамоҳанг намудани иқдому талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои маҷмуй дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2013 ташкил карда шудааст. 

majlisi fin mon-2.jpg

Аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ, ки аз масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст, масъалаҳои зерин, аз қабили идомаи Барномаи баҳодиҳии хавфи миллӣ, кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар самти Баҳодиҳии хавфҳо оид ба дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ, омода намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи 2-и баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авросиё, Консепсияи стратегияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, масъалаи дастрасии Департаменти мониторинги молиявӣ ба пойгоҳҳои мақомоти давлатиро мавриди муҳокима қарор дода, дархосту пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ


Диданд: 12881

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ