Эълон барои довталабони таҳсил

13.02.2017

Эълон барои довталабони таҳсил

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои ба роҳ мондашуда бо Маркази байналмилалии таълимию методии мониторинги молиявии (МУМЦФМ) ш.Москва ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ихтисоси бехатарии иқтисодӣ довталабонро барои дохил шудан дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия барои соли хониши 2017 2018 даъват менамояд.

Бақайдгирии довталабон то 20 феврали соли 2017 тариқи сомонаи http://russia.study/registration ва www.russia.study сурат мегирад.

Талаботҳои асосӣ барои довталабон:
• хониши аъло ;
• донистани забони русӣ (аъло).

Хароҷот барои таҳсил, хобгоҳ ва идрорпулӣ (стипендия) аз ҷониби даъваткунанда пардохт карда мешаванд.

Маълумоти иловагиро оид ба масъалаи дар боло зикршуда довталабон метавонанд аз намояндагии Русия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) бо телефони 221-89-85 дастрас намоянд.

Департаменти мониторинги молиявӣ
дар назди Бонки Миллии Тоҷикистон


Диданд: 7622

Бозгашт