Маълумот оид ба озмуни “Нозири мувофиқаи (комплаенс) соли 2016 дар самти МҚД/МТ миёни ташкилотҳои қарзӣ” дар БМТ

27.03.2017

Маълумот оид ба озмуни “Нозири мувофиқаи (комплаенс) соли 2016 дар самти МҚД/МТ миёни ташкилотҳои қарзӣ” дар БМТ

Бо дастгирии Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва саҳми Департаменти мониторинги молиявӣ 16 – 17 марти соли 2017 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон озмуни “Нозири мувофиқаи (комплаенс) соли 2016 дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм миёни ташкилотҳои қарзӣ” баргузор гардид.

fin_mon_sert_1.JPG

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур пешравӣ ва рушди соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, аз ҷумла баҳогузории фаъолияти кормандони мутасаддии ташкилотҳои қарзӣ (комплаенс) дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Дар рафти озмун довталабон нахуст бо аъзоёни Комиссия шинос гардида, каме дар бораи фаъолияти хеш дар ин самт сухан ронданд. Дар натиҷа, онҳо аз ҷониби аъзоёни Комиссияи баҳодиҳӣ тибқи посухҳои Саволнома (Анкета) ва мусоҳиба (саволҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм) чунин баҳогузорӣ карда шуданд:

• Ҷои 1-ум - довталаб аз ҶСК “АксесБонк Тоҷикистон” Абдухаликова Сабина Уктамовна – нозири мувофиқа;
• Ҷои 2-юм - довталаб аз ҶСК “Бонки Эсхата”Раҷабов Диловар Ғайратҷонович - роҳбари қисми мониторинги молиявии Департаменти хавфҳои бонкӣ;
• Ҷои 3-юм - довталаб аз БДА ҶТ “Амонатбонк”
Ваҳобов Ҳусейн Абдураҳимович – мутахассиси дараҷаи II-и Хадамоти мониторинги молиявӣ.

fin_mon_sert_2.JPG

Дар ҷамъбаст ба ғолибон Ифтихорнома ва ба иштирокчиёни боқимонда Сертификат барои иштирок дар озмун супорида шуд.

Рӯйхати иштирокчиёни озмун аз ташкилотҳои қарзӣ:

Номгӯи ташкилот

Номзад

Вазифа

БДА ҶТ “Амонатбонк”

Ваҳобов Ҳусейн Абдураҳимович

Мутахассиси дараҷаи II-и
Хадамоти мониторинги молиявӣ
ҶСК “Агроинвестбонк” Акрамов Улуғбек Исматович Муовини Сардори Мудирияти хазинадорӣ, савдо ва ҳисоббаробаркунӣ
ҶСК “Бонки Эсхата” Раҷабов Диловар Ғайратҷонович Роҳбари қисми мониторинги молиявии Департаменти хавфҳои бонкӣ
ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” Мадшоева Шодигул Мирзобековна Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари шуъбаи комплаенс
ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” Абдухаликова Сабина Уктамовна нозири мувофиқа
ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” Федеров А. Менеҷери хавф
ҶДММ ТАҚХ “МАТИН” Қурбонов Фируз Фозилҷонович Мутахассиси калони хадамоти назорати дохилӣ ва хавфҳо, инчунин аз моҳи майи соли 2016, муваққатан нозири комплаенс
ҶДММ ТАҚХ “Арванд” Қурбонов Ашурбоқӣ Одинаевич Мутахассис оид ба комлаенс

Департаменти мониторинги молиявӣ  
БМТ


Диданд: 7552

Бозгашт