Баррасии стандарти касбии “Бехатарии иқтисодӣ” дар БМТ

07.07.2017

Баррасии стандарти касбии “Бехатарии иқтисодӣ” дар БМТ

7 июли соли 2017 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти кории масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил оид ба омода намудани Стандарти давлатии таълими ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” баргузор гардид.

Monitor_1.JPG

Зимни мулоқот масъалаи такмил додани самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ), аз ҷумла бо мутахассисони соҳа таъмин намудани низоми молиявии мамлакат баррасӣ карда шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади пурзӯр ва самаранок намудани фаъолият дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, стандарти касбии “Бехатарии иқтисодӣ” – ро дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид намояд.

Monitor_2.JPG

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ масъалаҳои татбиқ намудани Стандарти давлатии таълими ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ”-ро мавриди муҳокима қарор дода, барои муайян намудани қадамҳои минбаъда дар ин самт нақшагузорӣ карданд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 4229

Бозгашт