Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

04.09.2017

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид баҳодиҳии хавфи миллии ҚД/МТ

Ҳафтаи сипаригашта дар Бонки миллии Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудан ва гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳти роҳбарии Бобозода У - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид. Гурӯҳи кории мазкур бо қарори Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таъсис дода шудааст.

monitoring_1.JPG

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими Баҳодиҳии хавфи миллии ҚД/МТ, аз ҷумла, тасдиқи лоиҳаи Ҳисоботе, ки аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо кумаки Бонки Рушди Осиё омода шудааст ва Нақшаи корҳои минбаъда оид ба идора ва паст намудани хавфҳои ошкоршудаи ҚД/МТ баррасӣ гардиданд. Зимни муҳокима фаъолияти минбаъдаи Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудан ва гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллӣ муайян карда шуд.

monitoring_2.JPG

Қайд кардан ба маврид аст, ки уҳдадорӣ вобаста ба муайян намудан ва баҳо додани хавфи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, тақсими захираҳо бо мақсади коҳиш додани ин хавфҳо дар Тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) муқаррар шудааст. Дар заминаи ин баҳогузорӣ ба кишварҳо лозим аст, ки бо истифода аз хавфҳои нигаронидашуда чораҳои пешгирии ҚД/МТ-ро ба хавфҳои ошкоршуда мувофиқ созанд.

Баъди муҳокимарониҳо тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур ҳисобот омода гардида, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО пешниҳод карда шавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 4350

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ