Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МКД/МПСҚО баргузор гардид

19.09.2017

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МКД/МПСҚО баргузор гардид

18 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии зикршуда Ватанзода М.М. баргузор гардид.

monitoring_1.JPG

Дар рафти ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ ва аъзоёни Комиссияи мазкур – намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва танзиму назорати давлатӣ дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади ҳамоҳанг намудани иқдому талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои маҷмӯӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2013 ташкил карда шудааст.

monitoring_2.JPG

Аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ, ки аз масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст, масъалаҳои зерин, аз қабили тасдиқ намудани ҳисоботи Баҳодиҳии Хавфи Миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ҳамкории Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва танзиму назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани баҳодиҳии соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон –  давраи 2-юми баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба  гузаронидании даромадҳои бо роҳи ҷиноят баддастоварда ва маблағгузории терроризм ва баррасии дигар масъалаҳои кориро мавриди муҳокима қарор дода, дархосту пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Департаменти
мониторинги молиявӣ

Диданд: 3527

Бозгашт