Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

28.12.2017

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

26 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии зикршуда Ватанзода Маҳмадалӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа Роҳбари Комиссия, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, И.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзуллозода Ф. ва аъзоёни Комиссияи мазкур – намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва танзиму назорати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуданд. 


Snimok_1.PNG

Бо дарназардошти баргузории даври дуюми баҳодиҳии тарафайни кишвар, ки нимаи якуми соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, дар ин вохӯрӣ дар қатори дигар масъалаҳо муҳокимаи масъалаи мазкур суръат гирифт. 

Аз ҷониби И.в. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Ф.Файзуллозода - шахси масъул ҷиҳати пешниҳоди маълумот ва мукотибот бо Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) оид ба тартиби баргузории баҳодиҳии тарафайн ва муҳиммияти омодагии масъулини мақомоти дахлдори кишвар дар баргузории вохӯриҳои рӯй ба рӯй бо ҳайати коршиносон-баҳогузорон, ки дар рафти ташрифи онҳо баргузор мегарданд, сухан ронда шуд. 

Аъзоёни Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ баррасии масъалаҳоро дар доираи давраи 2-юми баҳодиҳии тарафайни ГАО мавриди муҳокима қарор дода, дархосту пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд. 


Snimok_2.PNG

Лозим ба ёдоварист, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қарор дорад. Баҳодиҳии кишвар аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, мутобиқи муқаррароти тавсияҳои Гурӯҳи Татбиқи Чораҳои Молиявӣ (ФАТФ) нашрияи с. 2012 амалӣ гашта истодааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки марҳилаи мазкур барои пешрафти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла тақвияти нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. 

Дар робита ба ин, масъалаи омодагии кишвар ҷиҳати гузаронидани баҳодиҳии тарафайн вазифаи вазорату идораҳои дахлдори кишварамон ба ҳисоб меравад.


Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 2985

Бозгашт