Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

17.05.2018

Семинар барои намояндагони ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

Ҷиҳати амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ баҳри бартараф кардани оқибатҳои манфии амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ, санаи 15 майи соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) семинари омӯзишӣбаргузор гардид.

DFM1.jpg

Ҷаласаро Файзуллозода Ф. - Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуда, дар суханронии худ қайд намуд, ки дар рафти санҷишҳо дар ташкилотҳои қарзӣ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла, дар фаъолияти кории шахсони мутасаддии ташкилотҳои қарзӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба назар мерасанд. Вобаста ба ин, баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани бохабарӣ аз иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат хоҳад намуд.

Аз ҷониби кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор презентатсияҳо дар мавзӯҳои зерин пешниҳод гардиданд:  

  • Талаботҳои қонунгузории ҶТ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
  • Хатоиҳо дар раванди пешниҳоди ҳисоботи №101 “Оид ба аҳд/амалиётҳои шубҳанок ва ҳатман назоратшаванда” ба Департаменти мониторинги молиявӣ;
  • Маблағгузорӣ барои ҷалби шахсон бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ;
  • Тағйирот дар тавсияҳо ва методологияи ФАТФ;
  • Санҷиши ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд дар самти МҚД/МТ/МПСҚО;
  • Зарурати даровардани тағийру иловаҳо ба Дастурамали №204 "Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ".
Инчунин аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон навори видеоӣдар мавзӯи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ки ба амнияти ҷаҳонӣ, ба амнияти давлат ва ҳар як шахс таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардаанд, пешкаш гардид.

DFM21.jpg

Файзуллозода Ф. ба саволҳои иштирокдорони семинар посухҳои мушаххасдода, қайд кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои такмили дониши хеш кормандони масъули ин ташкилотҳо метавонанд ба Департаменти мониторинги молиявӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон, номбурда қайд намуд, ки масъалаи мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб, ба мисли терроризм ва ифротгароӣ муҳим буда, барои амнияти кишвар зарур мебошад.

Дар ин вохӯрӣ зиёда аз 40 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки баргузории чунин вохӯриҳо натиҷаи ҳамкории судманд байни Департаменти мониторинги молиявӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба ҳисоб меравад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 3100

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ