Баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.06.2018

Баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 1 июни соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар таҳти роҳбарии Ватанзода М.М. – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ватанзода М.М. кушода, доир ба лоиҳаи нахустини Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн, ки қисмҳои татбиқи самаранокии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва мутобиқати техникӣ ба Тафсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ)-ро фаро мегирад, сухан ронд.

DMM-001.jpg

Сипас, аз ҷониби Файзуллозода Ф. – Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ин Департамент маълумот оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф кардани онҳо дар доираи лоиҳаи Ҳисобот, ки барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба мақомоти дахлдори кишвар ирсол гардидааст, пешниҳод гардид.  

Ватанзода М.М. зимни суханрониаш қайд кард, ки тибқи Тартиботи гузаронидани баҳодиҳии тарафайни аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) тасдиқшуда, дар ҷаласаи Пленарии ояндаи Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати баррасии ин масъала дар Ҷаласаи навбатии ГАО муҳим мебошад.

DMM-002.jpg

Файзуллозода Ф. қайд намуд, ки муҳимияти махсусро ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО дар бар мегирад, аз ин лиҳоз, аз ҷониби ҳама мақомоти давлатӣ андешидани чораҳои саривақтӣ ва мувофиқ зарур мебошад. Зеро дар сурати мавҷуд гардидани мушкилот дар раванди баҳодиҳӣ, кишвар метавонад ба таснифи давлатҳои вазъи МҚД/МТ/МПСҚО-и номусоиддошта шомил гардад.

Дар фарҷом аз ҷониби Ватанзода М.М. намояндагони вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки маълумоти заруриро нисбати камбудиҳои ҷойдоштаи лоиҳаи Ҳисобот бо мақсади пешниҳод намудан ба ҳайати коршиносон-баҳогузорони ГАО ҳарчи зудтар ба Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ), ки мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мебошад, пешниҳод намоянд.

Департаменти мониторинги молиявӣ 

Диданд: 3633

Бозгашт