Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

20.07.2018

Вохӯрии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани стандарти давлатии таълимии ихтисосии “Бехатарии иқтисодӣ”

Санаи 19 июли с. 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани стандарти давлатии таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” (Гурӯҳи корӣ) баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Файзуллозода Файзулло – Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон кушода, иҷрои қарорҳои қабулгардидаи вохӯрии қаблии Гурӯҳи корӣ нисбат ба корҳои ба итмом расида ва инчунин масъалаи омода намудани лоиҳаи стандарти “Бехатарии иқтисодӣ”-ро мавриди муҳокима қарор дод. Аз ҷумла номбурда зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илмро мебоист дар муддати якуним моҳ маълумоти муфассалро нисбати лоиҳаи зикргардида ба Гурӯҳи корӣ пешниҳод намояд вале мутаасифона ин вақти тулониро тақозо намуд.

563A8275.JPG

Сипас номзади илмҳои филология, муовини Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маориф ва илм Шоев М. Э. дар доираи лоиҳаи стандарти давлатии таълимии “Бехатарии иқтисодӣ” ва инчунин мафҳуми он сухан ронда қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур дар шакли корӣ омода гардида, тағйироту иловаҳоро тақозо менамояд, ва пас аз пешниходи таклифҳо намунаи ниҳоӣ пешкаш хохад гашт. Ҳамзамон нисбати лоиҳаи мазкур рӯнамо (презентация) пешкаш гарид.

Пас аз пешкаши рӯнамо Файзуллозода Ф. қайд кард, ки тибқи тартиб намунаи пешниҳодгардидаи лоиҳаи мазкур дар ояндаи наздик барои омӯзиши дақиқ ва мувофиқа ба аъзоёни Гурӯҳи корӣ фиристода мешавад. Ҷиҳати саривақт мавриди татбиқ қарор додани қарорҳои ҷаласа ва ба таври самаранок амалӣ намудани стандарти “Бехатарии иқтисодӣ” аз аъзоёни Гурӯҳи корӣ хоҳиш карда шуд, ки фикру пешниҳодҳои худро нисбат ба лоиҳаи мазкур дар давоми 2 ҳафта ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд ва инчунин Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки намунаи ниҳоии лоиҳаи мазкурро то 13 августи соли ҷорӣ ба Депаратаменти мониторинги молиявӣ пешниҳод намояд.

Дар баробари ин, намояндагони макотибҳои олии кишвар, ки бо ташаббуси Бонки миллии Точикистон дар омӯзиш тибқи барномаи “Баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ш. Москва, 16 - 20 апрели с. 2018) сафарбар карда шудаанд, оид ба натиҷаи иштирок дар чорабинии мазкур ба Гурӯҳи корӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Вобаста ба ин, Файзуллозода Ф. зикр намуд, ки макотибҳои олии кишвар дар таҳияи стандарти таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” бо назардошти ҷорӣ намудани он нақши муҳим мебозанд. Аз ин лиҳоз, зарурати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар дар ин самт аз ҷониби макотибҳои олии кишвар вуҷуд дорад.

563A8278.JPG

Дар навбати худ, Сардори шуъбаи меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Ф. И. оид ба муайян ва ворид намудани рамзи стандарти таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” дар “Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғл” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Гурӯҳи корӣ пешниҳодҳои худро манзур намуда, доир ба муҳимияти ворид намудани рамзи стандарти таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” дар “Таснифгари умумиҷумҳуриявии шуғл” ҳарф заданд. Дар баробари ин, ҳозирин қайд намуданд, ки таҳия намудани стандарти таълимии ихтисоси “Бехатарии иқтисодӣ” дар макотибҳои олии кишвар мувофиқи мақсад мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки маълумоти аз ҷониби Гурӯҳи корӣ пешниҳодшаванда барои омода намудани мавқеи мукаммал нисбати фаъолияти минбаъда дар самти коркард ва татбиқи стандарти “Бехатарии иқтисодӣ” ва пешниҳоди маълумот ба Ҳукумати кишвар асос хоҳад шуд.

Департаменти мониторинги молиявӣ 


Диданд: 3137

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ