Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

06.08.2018

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

3 августи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ (Комиссия) оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ баргузор гардид.

Снимок.PNG

Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи даври 2-уми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО қарор дорад, ки аз ҷониби коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Гурӯҳи Аврyосиё) амалӣ гашта истодааст. Санаи 5-15 марти соли ҷорӣ ҳайати коршиносон-баҳогузорон ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд ва баъд аз ин марҳилаи мувофиқа кардани Ҳисобот оид ба баҳодиҳии тарафайн шуруъ гардид.

Дар робита ба ин, дар рафти ҷаласаи навбатии Комиссия ҷанбаҳои пешниҳод намудани шарҳҳо ба Котиботи Гурӯҳи Аврyосиё доир ба лоиҳаи 2-юми Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайн мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Ватанзода М. оғоз намуда, сипас, мутобиқи бандҳои алоҳидаи рӯзнома намояндагони як қатор вазорату идораҳо (аъзоёни Комиссия), инчунин, Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Снимок 1.PNG

Аз ҷумла, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин ба иштирокдорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти анҷомдодаи вазорату идораҳои салоҳиятдор доир ба мавриди баррасӣ қарор додани лоиҳаи дуввуми Ҳисобот оид ба натиҷаҳои баҳодиҳии тарафайни маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи Департаменти мониторинги молиявӣ нисбати вазъи кунунӣ ва фаъолияти минбаъда оид ба омода намудани мактуби ҷавобӣ ба Котиботи Гурӯҳи Авруосиё маълумот пешниҳод гардид. Инчунин, аъзоёни Комиссия нисбати камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба ирсол намудан дар лоиҳаи Ҳисобот ибрози назар намуданд.

Дар баробари ин, зимни ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иштирок дар вохӯрии “рӯ ба рӯ”-ро, ки рӯзҳои 5 - 7 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва, ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Снимок 2.PNG

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти баррасии бандҳои рӯзнома, қарорҳои марбута қабул гардид, аз ҷумла, Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллии ҚД/МТ тасдиқ шуд.

Дар баробари ин, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Комиссияи байниидоравӣ, бинобар сабаби васеъ гардидани ваколатҳои Комиссия ба муқовимат ба маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин таъсиси сохторҳои нави давлатие, ки ба ваколати онҳо масъалаи МҚД/МТ/МПСҚО дохил мешавад, баррасӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки зимни баромади худ Икромӣ С.С. вобаста ба саривақт пешниҳод намудани маълумот ба коршиносон – баҳогузорон ва зарурати бетағйир мондани шахсони масъул дар самти МҚД/МТ/МПСҚО изҳори нигаронӣ кард.

Дар қисмати ҷамъбастӣ Ватанзода М.М. қайд намуд, ки баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Тавсияҳои ФАТФ аз  соли 2012 сурат гирифта истода,  дар навбати худ таваҷҷуҳи махсуси кишвар, ҳамзамон вазорату идораҳоро дар алоҳидагӣ тақозо менамояд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 3342

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ