Ҷаласаи 29-уми пленарии ГАО ва Ҷаласаи 12-уми ШРМКМ ИДМ:

20.11.2018

Ҷаласаи 29-уми пленарии ГАО ва Ҷаласаи 12-уми ШРМКМ ИДМ:

Аз 12 то 16-уми ноябри соли 2018 дар ш. Минск (Ҷумҳурии Беларус) Ҷаласаи 29-уми пленарӣ ва ҷаласаҳои Гурӯҳҳои кории Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардиданд.

Дар чорабиниҳои ГАО ҳайати намояндагии давлатҳои аъзои ГАО: Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои мушоҳид иштирок варзиданд. Ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Ватанзода М.М. аз намояндагони мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон иборат буд.

Fin_mon_1.jpg

Ҷаласаи пленарӣ, ҳисобот ва хулосаи иҷроияи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даври дуюми баҳодиҳии ГАО-ро, тасдиқ намуд. Иштирокдорони ҷаласа пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба мукаммалгардонии низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) баъд аз баҳодиҳии тарафайни пешинаро (соли 2008), таъкид намуданд. Ҷаласаи пленарӣ хулосаҳои асосӣ ва чораҳои тавсияшавандаи ба низоми МҚД/МТ Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандро, муҳокима намуд. Пас аз анҷом ёфтани тартиботи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба мубориза ба софкории пул (ФАТФ) оид ба таҳлили сифат ва мутобиқат, ҳисобот дар сомонаи ГАО ҷойгир карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки ҷараёни баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида буд. Дар давраи аз 5-ум то 16 марти соли 2018, ҳайати коршиносон-баҳогузорони ГАО ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатии низоми МҚД/МТ-и давлат ва намояндагони бахши хусусӣ (ташкилотҳои молиявӣ, инчунин муассисаҳо ва касбҳои муайяншудаи ғайримолиявӣ) ташриф оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин давлате мебошад (баъд аз Ҷумҳурии Қирғизистон), ки аз ҷараёни баҳодиҳии тарафайн дар доираи даври дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО гузаштаст.

Тибқи қоидаҳои гузаронидани даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни ГАО Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт дар Ҷаласаи 31-уми пленарӣ дар моҳи ноябри соли 2019 ҳисобот пешниҳод менамояд.

Fin_mon_2.jpg

Дар доираи Ҷаласаи пленарӣ ҳамаи давлатҳои аъзо оид ба тағйирот ба қонунгузории миллии давлатҳои аъзои ГАО дар самти МҚД/МТ ва гузаронидани баҳодиҳии хавфи ҚД/МТ маълумот пешниҳод намуданд. Ҷаласаи пленарӣ Нақшаи Ҷумҳурии Қирғизистонро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мувофиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ, инчунин кӯшиши Ҷумҳурии Қирғизистонро вобаста ба ҷалби ташкилотҳои сарпараст барои иҷро намудани Нақшаи зикргардида, маъқул донист.

Дар рафти Ҷаласаи 29-уми пленарӣ озмуни ҳарсола вобаста ба ҳамкории беҳтарини мақомоти давлатӣ дар самти МҚД/МТ баргузор гардид. Дар баробари дигар давлатҳо-аъзоёни ГАО, аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон) оид ба чунин ҳамкорӣ рӯнамо (кейс) пешниҳод карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ, кейси мазкур беҳтарин эътироф гардид, ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмуни мазкур эълон карда шуд. Лауреатҳои озмун намояндагони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Халқии Чин гардиданд. Аз ҷониби Раиси ГАО хонум Сзинхуа ХАО, тибқи анъанаи муқарраршуда ба ғолиб туҳфа аз фонди аввалин Раиси ГАО – Зубков В.А. супорида шуд.

Fin_mon_3.jpg

ШРМКМ ИДМ

14-уми ноябри соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ (ш. Минск, Ҷумҳурии Беларус) ҷаласаи 12-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШРМКМ ИДМ) баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомоти кашшофии молиявии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба сифати мушоҳид Директори мақомоти кашшофии молиявии Ҳиндустон ҳузур дошт. Мувофиқи тартибот, ҷаласаи Шӯро таҳти роҳбарии директори Департаменти мониторинги молиявии Ҷумҳурии Беларус – ҷаноби Реут В.Г. баргузор гардид.

Fin_mon_4.jpg

Дар рафти ҷаласа роҳбарон ва коршиносони мақомоти кашшофии молиявӣ масъалаҳои паст намудани хавфҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм дар фазои ИДМ-ро баррасӣ намуданд. Айни ҳол бо ташаббуси Шӯро, таҳрири нави Шартнома оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар доираи ИДМ омода гардидааст ва дар марҳилаҳои охирини мувофиқаи байнидавлатӣ қарор дорад.

Дар рафти ҷаласаи Шӯро иштирокдорон таҳияи муносибати ягона ҷиҳати танзими низомҳои пардохти электрониро бо мақсади пешгирии истифодаи онҳо барои ҚД/МТ (ташаббуси Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон) ва гузаронидани тадқиқоти таҳлилӣ оид ба гардиши криптоасъорҳо баррасӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи майи соли 2019 дар ш. Москва баргузор мегардад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 3426

Бозгашт