Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

15.01.2019

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ ва МПСҚО

11 январи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ, ки ҳамзамон Раиси Комиссияи мазкур мебошад, баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Комиссияи байниидоравӣ Ватанзода Маҳмадалӣ ҳусни оғоз бахшида, аз дастовард ва фаъолияти Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО дар соли 2018 натиҷагирӣ кард.

NBTL4003.JPG

Мавсуф қайд намуд, ки яке аз чорабиниҳои муҳимми соли гузашта, ин баргузории Баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба вазорату идораҳои дахлдор, ки шомили Комиссияи байниидоравӣ мебошанд, барои саҳми арзанда дар ин самт арзи сипос намуда, барои фаъолияти минбаъда барояшон муваффақиятҳо орзу кард. 

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар навбати худ оид ба фаъолияти анҷомдодаи мақоми ваколатдор (мақомоти кашшофии молиявӣ) дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар соли 2018 баромад намуд.

Сироҷиддин Икромӣ аз ҷумла, дастоварди мақомоти кашшофии молиявии кишварро барои ғолибият дар озмуни ҳарсола вобаста ба ошкорнамоӣ ва пешгирии ҳолатҳои маблағгузории терроризм дар доираи ҳамкории судманди мақомоти дахлдори давлатӣ мусбӣ арзёбӣ намуд.

NBTL4001.JPG

Дар идомаи ҷамъомад “Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)” аз ҷониби мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ манзур карда шуда, Раиси Комиссия Маҳмадалӣ Ватанзода ҳозиринро барои муҳокима ва баррасӣ даъват намуд. Баъди баррасии Нақшаи мазкур ба вазорату идораҳои масъул дастурҳои мушаххас дода шуд.

Сипас, тибқи барнома ҷиҳати пешниҳоди маълумот оид ба санҷиши ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва муқовимат ба маблағгузории паҳнкунии ситлоҳи қатли ом намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва аъзои Комиссия баромад намуданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, аз роҳбари Комиссия хоҳиш карда шуд, ки онҳо таҳти баррасии ҷиддӣ қарор дода шаванд.

NBTL4023.JPG

Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзуллозода Ф. дар навбати худ қайд намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи миллии МҚД/МТ/МПСҚО, дар Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ - методӣ таъсис дода шуд. Вобаста ба ин, Файзуллозода Ф. вазорату идораҳоро даъват намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон дар ин самт ҳамкории мутақобиларо  ба роҳ монанд.

Ҷаласаро Раиси Комиссияи байниидоравӣ Ватанзода Маҳмадалӣ ҷамъбаст намуда, аз иштирокдорон ва шахсони масъул даъват ба амал овард, ки барои татбиқи нақша дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои дахлдори кишвар чораҳои мушаххас андешанд ва барои Ҷаласаи навбатии 31-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, омодагии ҳаматарафа бинанд ва барои боло бурдани рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/ МПСҚО аз ҷониби сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 2980

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ