Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ

08.04.2019

Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ

Дар асоси банди 4-и Нақшаи амалисозии “Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №166 аз 7 декабри 2018 Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида, санаи 27 марти 2019 ба Марказ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ №0002733 дода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсади асосии Марказ ташкили низоми бисёрзинагии омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ба шумор меравад.

Шунавандагон зимни курсҳои омӯзишӣ бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, аз чумла пайдоиш ва инкишофи шаклҳои қонунигардонии даромадҳо, терроризм ва маблаггузории он, ва инчунин маблаггузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ошно мегарданд. Курсҳои омузишӣ барои шунавандагон на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки амалӣ низ дорад.

Шунавандагон бо донишҳои кофии назариявӣ роҷеъ ба усулҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, тартиби гузаронидани тафтишоти молиявии ҳамзамон, санҷиши дахлдори муштари, баҳодиҳии ҳавфҳои мавриди истифода қарор додани ташкилотҳои гайримолиявӣ барои мақсадҳои ҚД ва дигар самтҳои алоқаманд шинос мегарданд. Пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ шунавандагон метавонанд дониши худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО васеъ намуда, дар фаъолияти минбаъда татбиқ намоянд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 2945

Бозгашт