Ахбор

14.11.2019 Ташрифи ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

Аз 4 то 8-уми ноябри соли 2019 ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба кишварамон ташриф овард. Ба ҳайати мазкур намояндагони Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ (ГАО) ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Русия (МУМЦФМ) низ шомил буданд.

29.10.2019 Фаъолияти 10-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО

28 октябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО” таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки вазорату идораҳои дахлдори кишвар, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва як қатор шахсони масъул конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

14.10.2019 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

09.10.2019 Тағйир ёфтани руйхати миллӣ

Ба руйхати миллии шахсони воқеие, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.

02.10.2019 Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ баргузор гардид

Аз 23 то 27 сентябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)...

19.08.2019 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

01.08.2019 Нахустин курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ баргузор гардид

Аз 22 то 26 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ нахустин курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои кормандони ташкилотҳои қарзӣ гузаронида шуд.


18.07.2019 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ 2374 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо Малӣ алоқамандро тасдиқ кард.

22.05.2019 Ба феҳристе, ки бо қатъномаи ША СММ тасдиқ шудааст тағйирот ворид карда шуд

Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.

08.05.2019 Ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

3 майи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.


Новости 61 - 70 аз 170
Аввал | Пешӣ | 5 6 7 8 9 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо