Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
  • Яндекс.Метрика

НИЗОМНОМАИ стипендияи номии Бонки миллии Тоҷикистон

06.12.2012

    Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Низомномаи стипендияи номии Бонки миллии Тоҷикистон, ки он тартиби таъин ва пардохти стипендияи мазкурро муайян менамояд, тасдиқ карда шуд.



Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 25 октябри с.2012, №263
тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ
стипендияи номии Бонки миллии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур тартиби таъин ва пардохти стипендияи номии Бонки миллии Тоҷикистонро (минбаъд – стипендияи номӣ) ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Таъини стипендияҳои номӣ шакли аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба таври умум эътироф шудани натиҷаҳои аълои омӯзиши донишҷӯ дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ буда, барои дастгирии иловагии молиявии онҳо ҷудо карда мешавад.

2. Талабот ба донишҷӯён-довталабони стипендияи номӣ

3. Стипендияи номӣ ба донишҷӯёни солҳои 3 то 5 таҳсилоти рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтисосҳои «бонкдорӣ» ва «технологияҳои иттилоотӣ»), ки дар давоми хониш танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, дар чорабиниҳои илмӣ ва семинарҳо ширкат ва баромад намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд, таъин карда мешавад. Довталабон, донишҷӯён бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. 
4. Дар ҳолати набудани довталабон аз як сол (курс), меъёри ҷудогардидаи стипендия метавонад ба донишҷӯёни солҳои дигар, ки дар он ҷо шумораи довталабони зарурӣ зиёданд, дода шавад.
5.Стипендияи номӣ фақат барои як семестри хониш таъин карда мешавад. Донишҷӯе, ки як семестр стипендияи номӣ гирифтааст, метавонад дар семестри дуюм низ ин гуна стипендияро бе иштирок дар Озмун соҳиб шавад, агар ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Донишҷӯёне, ки як сол стипендияи номӣ гирифтаанд, метавонанд такроран дар озмуни соли дигар иштирок кунанд.
6. Агар донишҷӯ дар семестри ояндаи баъд аз таъини стипендияи номӣ баҳои ғайри »аъло« гирад, аз гирифтани стипендияи номӣ маҳрум мешавад. Дар ин ҳолат роҳбарияти муассисаи таълимоти олӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати 10 рӯз маълумот диҳад.

3. Тартиби таъини стипендияҳои номӣ

7. Интихоби довталабон барои гирифтани стипендияи номӣ ҳуқуқи истисноии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад ва онро комиссияи санҷишии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) амалӣ менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки дар озмун ғолиб наомадаанд, барнамегардонад ва сабаби интихоб шудан ё нашудани ин ё он довталабро шарҳ намедиҳад.
8. Муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ҷамъбасти ҳар як семестр, на дертар аз 1 феврал ва 1 сентябр ба Бонки миллии Тоҷикистон оиди номзадҳо барои сазовор шудан ба стипендияи номӣ маълумотро мутобиқи талаботҳои боби 4 низомномаи мазкур пешниҳод мекунанд.
9.Комиссия мутобиқи рӯйхат ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун мегузаронад. Дар ҳолати зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад довталабонро барои суҳбат даъват намояд.
10. Комиссия бо аксарияти овозҳо қарорро дар бораи интихоби ғолибон қабул мекунад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад.
11. Баъд аз муайян кардани ғолибон, Комиссия ба Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таъини стипендияҳои номӣ пешниҳод манзур менамояд. Стипендияи номӣ дар асоси пешниҳоди Комиссия ва бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён таъин карда мешавад.
12. Ҳангоми баррасии масъала дар бораи таъини стипендияи номӣ натиҷаҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
12.1 натиҷаи супоридани имтиҳонҳо ва аз худ кардани барномаи таълимӣ аз тарафи донишҷӯ, ки бо беруннависи қартаи таълимии донишҷӯ тасдиқ шудааст;
12.2 натиҷаи корҳои илмии донишҷӯён (иштирок дар корҳои илмии донишҷӯён, маърӯза ва баромадҳо дар конференсияҳо, ғолибият дар озмунҳои корҳои илмии донишҷӯён ва ғайра), ки бо нусхаи ифтихорнома, диплом ва шаҳодатномаҳои дахлдор тасдиқ шудаанд;
12.3 иштироки фаъол дар корҳои ҷаъмиятӣ.
12.4 дар ҳолати баробар будани натиҷаҳо бартарӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки аз оилаҳои камбизоатанд.

4. Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба стипендияи номӣ

13.Барои омода сохтани парванда довталаб санадҳои зерин пешниҳод кунад:
13.1. нусхаи шиносномаи довталаб – донишҷӯ;
13.2. тавсифномаи донишҷӯ;
13.3. нусхаи дафтарчаи имтиҳонсупории донишҷӯ, ки аз тарафи раёсати факултет тасдиқ шудааст;
13.4. маълумоти мухтасар дар бораи самтҳои фаъолияти донишҷӯ (илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзӣ);
13.5. маълумот дар бораи иштирок дар чорабиниҳои гуногун (конференсияҳо, семинарҳо, таҳияи лоиҳаҳо, озмунҳо);
13.6. дастовардҳо (грантҳо, медалҳо, мукофотҳои гирифта, ҷойҳои ишғолкарда дар озмунҳо, диплому ифтихорномаҳо, шаҳодатномаҳои иштирок);
13.7. рӯйхат ва нусхаи маводи нашршудаи донишҷӯ;

5. Мушахассоти стипендияи номӣ ва тартиби пардохти он

14. Маблағи стипендияи номӣ барои ҳар як донишҷӯи дар озмун ғолибомада 200 (дусад) сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 5 (панҷ) стипендияи номӣ таъин мекунад.
15. Маблағи умумии стипендияи номӣ дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҳар сол дар харҷномаи Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.
16. Ҳар соли хониш барои донишҷӯёни соли сеюм – як стипендия, соли чорум – ду стипендия ва соли панҷум – ду стипендия ҷудо карда мешавад. 17. Маблағи ҳармоҳаи стипендия ба қартаҳои пластикии донишҷӯ тибқи талаботи мавҷуда, бо нигоҳ доштани андоз аз даромад ва ё дигар пардохтҳое, ки тибқи қонун муқаррар шудааст, гузаронида мешавад.

Телефон барои маълумот:
(992 44) 600-32-14,
(992 44) 600-32-32.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 7948

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ