Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Брифинг дар БМТ: вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар соли 2015 баррасӣ шуд

04.12.2015

Имрӯз, 4 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К., барои шумораи зиёди хабарнигорони Воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ оид ба вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар соли 2015 брифинги матбуотӣ баргузор гардид.

brifing_01.jpg

Қайд гардид, ки дар муддати ду ҳафтаи охир дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо, сомонаҳои интернетии оҷонсиҳои иттилоотӣ ва радиоҳои дохилию хориҷӣ оид ба вазъи бозори дохилии асъори нақд, тағйирёбии қурби пули миллӣ сару садоҳои зиёд ба нашр расиданд, ки дар бештари мавридҳо матолиби пешниҳодкардаи онҳо ба воқеияти феълӣ, дарки омилҳои ин дигаргуниҳо ҷавобгӯ нестанд. Бале пӯшида нест, ки дар чанд рӯзи гузашта вазъи бозори дохилии асъор ноустувор гашта, қурби доллари нақд ИМА нисбати сомонӣ якбора баланд шуда буд.

Бо вуҷуди он ки тағйирёбии қурби доллари нақди ИМА тайи соли гузашта ва соли ҷорӣ барои тамоми кишварҳои ИДМ ва мамолики дигари дунё ҳамчун ҳолати муқаррарӣ мебошад, дар ҷумҳурии мо аз ҷониби Васитаҳои ахбори омма ва ба ном коршиносони мустақили иқтисодӣ ин вазъ бо як воҳимаю таҳлуқа, рангубори моҳиронаю хулосабарориҳои беасос ва бе овардани далелу рақамҳои бовариноку воқеӣ пешниҳод мешаванд.

Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, ки Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти худ тавассути сомонаи интернетии бонк ва дигар расонаҳо, ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъору қурби пули миллӣ, нақшаю чорабиниҳои андешидашаванда ва амалишуда, маълумоти пурра пешниҳод менамояд.

Бо истифода аз баргузории брифинг ва ҳузури рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва бо назардошти воқеияти ҷойдошта, роҳбарияти Бонки милии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки оид ба вазъияти бавуқуъомада ва сиёсати татбиқшаванда маълумоти заруриро манзур кунад.

Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки идома ёфтани буҳрони сиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар шарикони тиҷоратии кишварамон ва мамлакатҳои ҳамсарҳад таъсири манфии худро ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ алалхусус ба бозори асъори дохилӣ расонида истодааст.     

Масалан, тибқи таҳлилҳои охир аз оғози сол то 4 декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,7637 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ё 27,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қурби нақдии (бозории) доллари ИМА аз 5,47 сомонӣ то ба 7,18 сомонӣ барои 1 долл. нақди ИМА ё 31,3 фоиз баланд шудааст.

brifing_02.jpg

Танҳо бо як таваҷҷуҳи рӯякӣ ва қиёс кардани рақамҳои поён метавон дарк кард, ки бо вуҷуди доштани иқтисодиёти пуриқтидор, захираҳои калони тиллоию асъорӣ ва истифодаи онҳо ҳангоми ба миён омадани фишорҳои қурбӣ, дар соли 2015 аксари асъорҳои миллии давлатҳои дунё нисбати доллари ИМА беқурб шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра қурбҳои Евро ба андозаи 12,4%, рубли русӣ 12,7%, тангаи қазоқӣ 68,6%, соми қирғизӣ 28,8%, суми узбекӣ 13,5%, рубли белорусӣ 51,5%, юани чинӣ 2,9% ва иени ҷопонӣ 3,1% коҳиш ёфтанд.

Боз як мисоли дигарро барои таҳлил пешкаш мекунем: Қурби долл. нақди ИМА нисбат ба сомонӣ аз 1 январ то 4 майи соли равон 24,6 фоиз ва аз ин сана то имрӯз ҳамагӣ 6,7 фоиз баланд шудааст. Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки 6,1 фоизи он ба даҳаи охири моҳи ноябр рост меояд, ки ин тағйирёбии босуръат аз кӯтоҳмуҳлат ва бештар субъективию ҳаннотӣ будани тағйироти мазкур баръало шаҳодат медиҳад.

Ба андешаи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон омилҳои зерин сабаби тағйирёбии босуръати қурби нақдӣ дар рӯзҳои охир шудаанд:

- раванди пурқувват шудани доллари амрикоӣ вобаста ба интизориҳо аз баланд шудани фоизи қарздиҳии Бонки марказии ИМА (ФРС) (эҳтимолан дар миёнаи моҳи декабр);

- бад шудани вазъи геосиёсии ҷаҳон, бинобар воқеаҳои Сурия ва Туркия, пастравӣ ва ноустувории нархи нафт ва вобаста ба ин тағйирёбии аз эътидол беруни қурби асъори миллии шарики асосии тиҷоратии мо (Федератсияи Русия);

- омили мавсимӣ ва вобаста ба он кам шудани вориди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби кам шудани воридоти интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ ва зиёд шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ;

- омилҳои равонӣ вобаста ба интизориҳои бад шудани вазъияти ҷаҳон, минтақа ва тағйирёбиҳои минбаъдаи қурб ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди фурӯши доллари нақди амрикоӣ ва зиёд шудани талабот ба хариди он аз ҷониби аҳолӣ;

- омили ҳаннотӣ аз ҷониби кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кушишҳои нигоҳ доштани даромади калони қаблан вуҷуддошта аз фарқияти қурбҳо дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши доллари нақдии ИМА.

- муносибат ва рафтори худи шахсони воқеӣ – фурушанда ва харидорони асъори хориҷӣ, аз ҷумла ба овозаю хабарҳои беасосу бардуруғ бовар намудани шахсони воқеӣ ва саросемавор ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда мубодила кардани маблағҳои пулиашон, ки дар ниҳоят зарар мебинанд.

brifing_03.jpg

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки бонк бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадилии қурб як қатор чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Тайи бештар як ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои кории муштарак бо мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҳамарӯзаи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ анҷом дода истодааст. Дар натиҷа то имрӯз нисбати 38 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ парвандаҳо кушода шуда, аз моликони онҳо – бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии амонатии хурд ҷаримаҳои калон ситонида шуданд.

Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ то охири соли ҷорӣ нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилотҳои қарзӣ дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд.

Ҳамчунин бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиётҳои мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, ки Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” омода шуда, ба воситаи он амалиётҳои хариду фурӯши асъор аллакай амалӣ шуда истодаанд. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин низом ҳамарӯза ба ташкилотҳои қарзӣ фурӯши доллари америкоиро анҷом дода, тавассути ташкилотҳои қарзӣ дахолатҳои асъорӣ - фурӯши доллари нақди ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи ш. Душанбе ба роҳ мондааст.

brifing_04.jpg

Тавре хабар дода будем, 28 ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони аввали ташкилотҳои қарзӣ ҷаласаи корӣ доир гардида, оид ба баланд бардоштани масъулияти инфиродии муттасадиён ва пурзӯр кардани назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар бозори дохилии асъор ва интиқолҳои пулӣ чораҳои мушаххас андешида шуданд ва дастуру супоришҳо ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол гаштанд.

Аз ҳисоби мутахассисони БМТ ситод ва гуруҳҳои кории фаврӣ барои назорати мунтазами фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар бозори дохилии асъор ташкил ва ба фаъолият шурӯъ карданд.

Номбурда таъкид кард, ки илова бар ин, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ситодҳои доимоамалкунандаи назорат аз болои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор вобаста ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ ташкил карда шуданд ва онҳо ҳамарӯза амал менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадилии қурби пули миллӣ бо назардошти иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва барномаи пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор андешидани чораҳои заруриро идома медиҳад.

Албатта, дар амалӣ шудани ин вазифаҳо, ҳамкорӣ бо Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси саривақтӣ, шаффофу боэътимод ва беғаразонаи корҳои анҷомдодашаванда ва нақшаю иқдомҳои минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ мақоми махсус дорад.

brifing_05.jpg

Дар робита ба ин нияти нек, муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз намояндагони ВАО эҳтиромона даъват кард, ки дар амалӣ кардани ин кори муҳим фаъолона ва мунсифона иштирок намоянд то дар якҷоягӣ тавонем дар таъмини суботи молиявии ҷумҳурӣ саҳми босазо гузорем.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 7061

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ