Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-октябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,76
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    16,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,37




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.12.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3424.92 3506.71
10 6762.86 6924.37
20 13379.62 13699.15
50 33210.86 34004.00
100 66256.96 67839.30

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Ахбор

31.12.2009 Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 29-30 декабр дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна ба 4,3750-4,3875 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро мувофиқан ба 1,4268-1,4426 сомонӣ ва 6,2210-6,2870 сомонӣ баробар шуданд. Умуман, дар ин рӯзҳо вазъи бозори дохилии асъор инъикосгари мӯътадилӣ ва мутавозунии пешниҳоду талабот буд.

28.12.2009 Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозор каме тағйир ёфтанд

Қурби миёнаи долл. ИМА 25 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли пастшавиро идома дод ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,3750-4,3890 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баландтар шуда, 1,4480-1,4680 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,2750-6,3350 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.

24.12.2009 Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Рӯзҳои 22-23 декабри соли ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар бахши нақдии бозори асъор тамоюли пастшавиро доро шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна ба 4,4110-4,4220 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва еврои нақд каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4210-1,4360 сомонӣ ва 1 евро 6,2750-6,3350 сомониро ташкил доданд.

23.12.2009 Барориши Векселҳои Давлатии Хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 декабри соли 2009 соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 10 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо бошад, ба 7%-и солона баробар шуд.

21.12.2009 Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар сохтмони НБО-и Роғун саҳм мегузоранд

Сохта ва ба истифода додани яке аз иншооти бузурги асри ХХI – НБО-и Роғун аз масъалаҳои муҳим ва воқеан таъхирнопазир дар ҷодаи ба даст овардани истиқлолияти воқеии мамлакат ба шумор меравад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз, рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба ҳарчи зудтар ба кор даромадани агрегатҳои ин нерӯгоҳ вобаста аст. Чунин буд мазмуни маҷлиси васеи кормандани Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба мавзӯи дастгирии сохтмони НБО-и Роғун бахшида шуда буд.

21.12.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ 18 декабр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,40-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, 10 рубли русӣ ба 1,41-1,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,29-6,35 сомонӣ баробар шуданд.

17.12.2009 Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи долл. ИМА 15-16 декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли каме пастшавиро дошта, ба ҳисоби миёна ба 4,3992-4,4136 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва Евро бошад, дар бозори нақдинаи ш.Душанбе каме тағйир ёфта, 1,4230-1,4430 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4550-6,4950 сомонӣ барои 1 Евроро ташкил намуданд.

14.12.2009 Қурби доллари нақдинаи ИМА дар бозори дохилӣ каме паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 11 декабр ва рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4214-4,4326 сомониро ташкил дод.


Ахбор 4001 - 4008 аз 4245
Аввал | Пешӣ | 499 500 501 502 503 | Баъдӣ | Охир Ҳамаи саҳифаҳо
  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ