Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи июн
    0,4%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд сомонӣ
    16,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 июни с.2019)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)13,51
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (май)
    9,18
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (май)
    25,35
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (май)
    16,54
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ
    18,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (май)
    23,25
  • Яндекс.Метрика




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.07.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2265.35 2319.45
10 4443.72 4549.84
20 8741.34 8950.10
50 21615.16 22131.37
100 43065.56 44094.04

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4

Ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

10.07.2019

09 июли соли равон Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳайати Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс, сармутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди рақамӣ ҷаноби Хуан Навас-Сабатер, Олег Петров, Михаил Бунчук ва дигар ҳамроҳони онҳо мулоқот доир намуд.

NBTL2732.JPG

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории пайвастаи судманд бо Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, лоиҳаи “Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зикр намуданд, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайат ба Тоҷикистон ба таври ниҳоӣ муайян ва ҳамоҳанг кардани чорабиниҳои дар лоиҳаи “Digital CASA” пешбинигардида, механизми маблағгузорӣ ва тарзи татбиқи самараноки он мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст мебошад. Инчунин, татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.

NBTL2744.JPG

Татбиқи лоиҳаи номбурда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд тараф (аз шарқ – Чин; аз ғарб Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра) ба ҷумҳурӣ ворид намояд, ки он боиси таъминоти устувори Интернет мешавад.

Қобили қайд аст, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи “Digital CASA” ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат, аз ҳадафҳои муҳими лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯмак хоҳад кард.

NBTL2721.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев дар баробари аҳамияти минтақавии лоиҳаи мазкур, таъкид бар он дошт, ки марҳилаи ҷалби бахши хусусӣ дар раванди амалигардонии он мушаххас карда шавад.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи “Digital CASA” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Ташкили Маркази боиқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиётҳои рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар ҳамкориҳои минбаъда такони ҷиддӣ мебахшанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 448

Бозгашт

  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э. Рахмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4528 (59.07%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        1545 (20.15%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        666 (8.69%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5321 (69.41%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1044 (13.62%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        267 (3.48%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ