Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.07.2019

Резаахбор

18 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

1.jpg

Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи нахустини Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин вобаста ба чораҳои амалишуда дар самти пешниҳоди тадбирҳои афзалиятнок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва инчунин оид ба мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро оид ба масъалаҳои фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ дар таъмини суботи молиявии кишвар, инчунин вазъи низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати монетарию қурбӣ, идоракунии хавфҳои ҷойдошта дар низоми молиявӣ-бонкӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориҳо дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо санаи 10 майи соли 2019 баён доштанд, ибрози назар карда, ба Шӯро пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

2.jpg

Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйироти вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар самти беҳтар намудани фазои молиявии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.     

Дар баробари ин, барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус низоми молиявӣ-бонкӣ саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаронидани ислоҳот, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва кӯмакҳои техникӣ дар самти устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозанд.

3.jpg

Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди низоми молиявӣ-бонкӣ дар самти тадбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва қурби асъор, андешидани тадбирҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ дар бахши бонкӣ қарорҳои дахлдор қабулгардида, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо, инчунин Гурӯҳи кории техникӣ ҷиҳати ташкили корҳо аз рӯи баргузории ҷаласаҳои минбаъда, мубодилаи саривақтӣ ва фаврии иттилоот ва фаъолияти ҳамоҳангсозона барои расидан ба ҳадафҳои пешгузошта вазифадор карда шуданд.

4.jpg

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.


Диданд: 3329

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ