Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019

20.08.2019

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019 тибқи муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат” сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст.

Дар ҳафт моҳи соли 2019 қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА бетағйир боқӣ монда, дар ин давра ба 9,4286 сомонӣ баробар гардида, 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 6,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Новобаста аз тағйирёбии муътадили қурби расмӣ дар ин давра, норасоии доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ ва чун натиҷа баланд гардидани қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ, ба амал омад.

Ҳолати мазкур талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар гардонида, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун гардонидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт.

Дар ин асос, фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрибонкӣ, меъёри муқарраршудаи 2 фоизаро гузашта, аз 2,8 фоиз дар санаи 01.02.с.2019 то ба 6,1 фоиз дар санаи 15.05.с.2019 зиёд гардид.

Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА, ин афзоиши тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад.

Аз муроҷиати корхонаву ташкилотҳо ва истеҳсолкунандагони ватанӣ маълум мегардад, ки масъалаи норасоии асъори хориҷӣ яке аз мушкилоти асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст. Дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талаботи мизоҷон ба доллари ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, онҳоро маҷбур месозад, ки бо мақсади нагирифтани зарар аз фаъолият ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд.

Айни замон, бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин боиси ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад.

Чунончӣ, аз оғози сол то имрӯз ҳаҷми фурӯши доллари ИМА (ғайринақдӣ ва нақдӣ) аз ҷониби мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 25,1 фоиз ва аз ҷониби аҳолӣ ба андозаи 28,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, камтар шудааст.

Боиси қайд аст, ки намояи қурби самараноки воқеии (НҚСВ) сомонӣ ба ҳолати 1 июли соли 2019 дар натиҷаи мутобиқшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои асосии хориҷӣ тамоюли болоравиро нишон дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 банди фоизӣ устувор гардид. Раванди мазкур ба рақобатпазирии истеҳсолоти дохилӣ нисбат ба шарикони асосии савдо ва ба ин васила ба вазъи тавозуни пардохт таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти ҷамъбастии оморӣ сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-июни соли 2019 ба 4,9 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар сохтори таваррум болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 8,1фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,3 фоиз саҳмгузорӣ намуданд.

Сатҳи таварруми аслӣ, ки раванди дарозмуддат ва бидуни лаппишҳои кӯтоҳро нишон медиҳад бо ифодаи солона ба 2,1 фоиз баробар гардид, ки ин аз маҳдуд будани таъсири омилҳои монетарӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019 бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла аз механизми хариду фурӯши рубли русӣ, норасоии асъор ва фишорҳои қурбиро коҳиш дода, дар баробари ин иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи давлатро таъмин намуда истодааст.

Қайд намудан зарур аст, ки гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, ки аз соли 2018 оғоз гардидааст аз Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи механизм ва усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дахолатҳои асъории худро, тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок анҷом дода, фаъоляти бозорро ба танзим медарорад.

Ба ин нигоҳ накарада, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, зарур аст.

Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон, мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, бевосита боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мегардад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки соли гузашта коҳишёбии қурбӣ асъорҳои миллӣ дар минтақа назаррас буд ва аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, тавассути тасҳеҳи сиёсати қурбӣ, тағйирёбии арзиши пули миллияшонро ба танзим дароварданд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 5496

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ