Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 31 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”

16.09.2019

Таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 тасдиқ гардид ва мутобиқи он вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ тадбирҳои саривақтиро андешида, баҳри зиёд шудани ҳиссаи он дар иқтисодиёт мусоидат менамояд. Ҳамин аст, ки ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён имконияти пардохт намудани ҳаққи молу хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ фароҳам овардаанд ва ҳамзамон ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониҳоро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиётҳои гузаронидашуда ва дигар роҳу имкониятҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод намуда истодаанд.

Дар баробари ин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, қабули пардохти як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ роҳандозӣ шуда истодаанд, аз ҷумла хизматрасониҳо дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасонии нотариалӣ, пардохти боҷи давлатӣ (Интернет эквайринг), пардохтҳои патентӣ, хизматрасониҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (беш аз 60 намуд), пардохти хизматрасониҳои тиббӣ (беш аз 70 адад муассисаҳои тандурустӣ), пардохти маблағи раводиди электронӣ, пардохтҳои гумрукӣ, барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, хизматрасонии иёргирӣ, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқ тавассути низоми биллингӣ, пардохти маблағҳои андозсупорандагон аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, воситаҳои нақлиёт, пардохти андозҳои маҳаллӣ ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.

Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳамчун омили инкишофи низоми молиявӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар нақши муҳим дорад. Истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо (хариди молу хизматрасониҳо) ба шаффоф гаштани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, инчунин ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд.

Аз ҷониби дигар, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба аҳолии кишвар имконият медиҳад, ки ҳарчи бештар ба хизматрасониҳои пардохтӣ дастрасӣ пайдо намуда, бидуни ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо роҳҳои қулай, осон ва босуръат пардохти молу хизматрасониҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд ва вақти худро сарфа намоянд.

Дар замони муосир истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ҳам барои иқтисодиёт ва ҳам барои аҳолӣ афзалияту бартариятҳои зиёд дорад, аз ҷумла,

барои аҳолӣ:

- осон намудани ҳисоббарорбаркунӣ дар муомилот, хавфи ночизи аз даст додани маблағҳои пулӣ, мубодилаи автоматии маблағҳо, ҷозибии молиявӣ (масалан, ҳисоби фоиз) ва ғайра;

барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ:

- рушди савдо ва ҷалби харидорони нав, камшавии хароҷот аз инкассатсияи маблағҳои савдо;

барои ташкилотҳои қарзӣ:

-васеъ намудани маҷмӯи хизматрасониҳо, ҷалби муштариёни нав, афзоиши иқтидори рақобатпазирии ташкилот, ҷамъоварии хаққи хизмати иловагӣ ва ба даст овардани даромади иловагӣ;

барои иқтисодиёт:

-шаффоф гардидани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳиссаи иқтисодиёти ниҳонӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ ва ғайра.

Бо дарназардошти бартариятҳои мазкур, бо мақсади мусоидат ба фаъолияти мунтазаму самараноки низоми бонкӣ, зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва ҳавасманд кардани ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2019, №95, иштирокчиёни Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо аз пардохти ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар давоми нимсолаи дуюми соли 2019 озод карда шуданд.

Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Вазорати молияи ҶТ баҳри ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дар амал татбиқ намудани он, инчунин марҳила ба марҳила маҳдуд намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулии кишвар, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия карда, ба баррасии вазорату идораҳои дахлдор 3 июни соли 2019, таҳти №3-3/389 ирсол кардааст. Дар лоиҳаи мазкур ҷиҳати рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ имтиёзу сабукиҳои андозӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, барои пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба шахсони воқеӣ барои бештар анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ, пешниҳод шудааст, ки аз маблағи бонусҳо, кэшбек ва дигар механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён ҳангоми истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод мегарданд, андоз аз даромад гирифта нашавад.

Ҳамзамон, лоиҳаи мазкур пешбинӣ менамояд, ки барои воридоти таҷҳизот, воситаҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъминоти барномавии барои ҳиссобаробаркунии ғайринақдӣ истифодашаванда таҷрибаи муваққатан озодкунӣ аз андозҳо татбиқ карда шавад. Инчунин, ба Кодекси андоз ворид кардани имтиёзҳо ба меъёри андози низоми соддакардашуда барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо бо истифодаи пардохти ғайринақдӣ 3 фоиз ва ба намудҳои дигари фаъолият дар ҳаҷми 4 фоиз пешниҳод шудааст, ки нисбати ҳамин гуна фаъолият бо пардохти нақдӣ 2 банди фоизӣ камтар аст.

Қабули тағйиру иловаҳои мазкур ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиёти мамлакат, афзоиш ёфтани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ва дастгирии соҳибкорӣ равона гардида, дар асоси қабул гардидани он эҳтимолияти ба буҷети давлатӣ бештар ворид гардидани маблағҳо аз эҳтимол дур нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ чораҳои андешидашуда барои зиёдшавии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва афзоиши теъдод ва ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат намуда, тибқи маълумотҳои оморӣ тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ нисбати соли қаблӣ хеле рушд кардааст. Аз ҷумла, ба ҳолати 31 августи соли 2019 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 2 217 773 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 762 адад банкомат ва 5 074 адад терминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 шумораи банкоматҳо 86 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ 989 адад афзудаанд. Аз миқдори умумии терминалҳои электронӣ 1 714 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 3 360 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 18,2 фоиз ва 27,5 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки дар давоми 8 моҳи соли 2019 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ, кортҳои нақлиётӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) барои хариди мол ва пардохти хизматрасониҳо зиёда аз 21,2 млн. адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 519,2 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, аз рӯи шумора 30 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиётҳои гузаронидашуда 64,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ 93,5 фоиз ба 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ 1,7 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 4-и қарори номбурда ҷиҳати гузаронидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо мақсади оммавигардонии истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии давлатӣ барномаву гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо иштироки вазорату идораҳо, мақомотҳои масъул ва ташкилотҳои қарзӣ доир намуда, бартариятҳои истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар самти истифодаи чунин пардохтҳо, ки ба манфиати аҳолӣ аст, фаҳмонда дода шуд.

Бояд қайд кард, ки рушди мунтазами низоми пардохтӣ ва зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар зарурияти ташаккул додани инфрасохтори боэътимоду пуриқтидори низоми пардохтиро тақозо менамояд. Бо ин мақсад дар Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 19 июли соли 2019 ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо мавриди истифода қарор дода шуд. Татбиқи низоми зикргардида самаранокӣ ва эътимоднокии низоми пардохтии кишварро афзун намуда, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи устувор мегузорад.

Ҳамин тариқ, бо мақсади чораҷӯӣ намудан баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ин нуқтаро махсусан таъкид намуданд, Бонки миллии Тоҷикистон барои зиёдшавии пардохтҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, ки аз омилҳои рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад, ҳамеша талош меварзад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 5094

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ