Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
    29 30 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ҷамбасти озмунҳо дар мавзӯи саводнокии молиявӣ

18.05.2020

Аз 1 то 30 апрели соли равон Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои шарик дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 моҳи саводнокии молиявиро баргузор намуд.

Дар доираи баргузории маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ширкати МегаФон Тоҷикистон, Фонди Хазинавии Ҳамкории Байналмилалии Олмон, Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва ширкати “Сиёма” мактаббачагону донишҷӯёнро барои иштирок дар озмунҳои ба мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” бахшидашуда, даъват намуд. Озмун дар ду марҳила баргузор гардида, дар он ҳамаи хоҳишмандон аз саросари кишвар иштироки фаъол доштанд. Дар ниҳоят, кумитаи тадорукоти озмун аз миёни акс, видеоролик ва флешмобҳои зиёди ба мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” бахшидашуда, беҳтаринҳояшро интихоб ва бо мукофотҳо сарфароз гардонид.

Ҳамин тавр, дар бахши “Расми беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ” Ариана Бобоева, хонандаи синфи 4-и Литсейи иноватсионии шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи аввал, Назира Қаландаршоева, хонандаи синфи 2-и мактаби №54-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм ва Азимхон Ҳасанов, хонандаи синфи 4-и Мактаби президентии шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар бахши «Видеои беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ» Шавкат Азамов, хонандаи синфи 7-и Литсейи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи аввал, Аҳмадҷон Худойдодов, донишҷӯи курси 6-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Таҳмина ва Шаҳноза Камоловаҳо, хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактаби №14-и шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар бахши «Флешмоби беҳтарин дар мавзӯи саводнокии молиявӣ» Давлат Ҳайлонов, донишҷӯи курси 2 ва Гулафзои Карим, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал, Мижгона Маҳмудова, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Диана Висотская, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва Абдураҳмон Собиров, хонандаи синфи 9-и Литсейи №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 ҳамасола дар саросари ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад. Баргузории маъракаи байналмилалии Global Money Week-2020 барои ҷалби диққати бештар ба аҳамияти ҳуқуқҳои молиявӣ, хусусан барои кӯдакон ва ҷавонон мусоидат менамояд, зеро бо шарофати дастрасӣ ба маърифати молиявӣ, кӯдакон тарзи оқилона идора кардани пулро меомӯзанд.

Маъракаи имсолаи Global Money Week-2020 зери шиори расмии “Омӯзед! Захира кунед! Пул кор кунед!” баргузор гардида, дар доираи он давоми як моҳ ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил намуданд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 2068

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ