Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Натиҷаҳои фаъолияти БМТ дар нӯҳ моҳи соли 2009

15.10.2009

Масъалаҳои муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ, аз қабили натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар нӯҳ моҳи соли 2009 ва дастоварду камбуди он дар давраи ҳисоботӣ, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди рушди иқтисодиёти кишвар, , андешидани чораҳои мушаххас ба хотири коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисодиёти мамлакат дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 15 октябри соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат варзиданд.  Дар ибтидо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2009 тамоили нисбатан мӯътадил дошт. Аз он ҷумла:  1. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) Моҳҳои январ-сентябри с.2008 ММД 12 374,8 млн. сомониро ташкил дода буд. Афзоиши воқеӣ - 7,2%;  Дар нӯҳ моҳи с.2009 бошад, он ба 14 451,2 млн. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он 2,7%-ро ташкил дод.  2. Таваррум Дар нӯҳ моҳи с.2008 он 12,7% - ро ташкил дода буд; Моҳҳои январ-сентябри с.2009 бошад, ба 4,5% баробар шуд. Дурнамои таваррум барои с.2009 то 8,0%-ро ташкил медиҳад.  3. Қурби пул (нисбати доллари ШМА) Моҳҳои январ-сентябри с.2009 қурби сомонӣ 26,8% коҳиш ёфт; Дар нӯҳ моҳи с.2008 бошад, он 1,6% баланд шуда буд.  4. Ҳаҷми пул (ба ҳолати 30 сентябри с.2009, бо қурби расмӣ) Пулҳои захиравӣ 2 170,4 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин санаи с.2008 32,8% (535,6 млн. сомонӣ) зиёд мебошанд. Ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот ба 1 796,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5% (354,1 млн. сомонӣ) зиёд аст. Ҳаҷми пул М2 (маълумоти фаврӣ) 2 050,4 млн. сомониро ташкил дод, нисбат ба ҳамин санаи с.2008 20,8% афзудааст.  5. Сиёсати пулӣ Меъёри захираҳои ҳатмӣ 7% ва 9%-ро ташкил медиҳанд. Долларикунонии иқтисодиёт зиёда аз 67,5% аст. Меъёри бозтамвил аз 13,5% то 8,0% паст карда шуд. Бақияи умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ ба ҳолати 30 сентябри с.2009 331,8 млн. долл. ШМА-ро ташкил доданд.  6. Пули нақд Дар нӯҳ моҳи с.2009 маблағи пулҳои ба муомилот баровардашуда 1 802,7 млн. сомониро ташкил дод, ки 1 784,4 млн. сомонии он аз пулҳои коғазӣ ва 18,3 млн. сомонӣ аз тангаҳои филизӣ иборатанд. Дар ин давра аз тарафи БМТ ва бонкҳои тиҷоратӣ маблағи 231,1 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям аз муомилот гирифта шуданд.  7. Низоми бонкӣ Ташкилотҳои қарзӣ: 13 бонк, 6 ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ; 114 ташкилоти маблағгузории хурд, аз ҷумла 28 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд, 43 фонди қарзии хурд. Дороиҳои умумӣ - 7 526 млн. сомонӣ, афзоиш 22%; Ӯҳдадориҳои умумӣ - 6 350 млн. сомонӣ, афзоиш 21%; Сармояи тавозунӣ ба 1 177 млн. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши он 30%-ро ташкил медиҳад.  8. Амонатҳо (маълумоти фаврӣ) Бақияи умумӣ: Дар нӯҳ моҳи с.2008 1 791,9 млн. сомониро ташкил дода буданд. Дар ҳамин давраи с. 2009 амонатҳо ба 2 269,7 млн. сомонӣ баробар шуданд, ки 26,7% зиёд мебошад. Амонатҳои шахсони воқеӣ 933,8 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи с.2008 32,8% зиёд аст.  Амонатҳо бо пули миллӣ ба 736,9 млн. сомонӣ, баробар шуданд ва ҳамчунин 22,2% афзуданд. Фоизи миёнавазни амонатҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 17,2% ва бо асъори хориҷӣ 16,5%-ро ташкил доданд.  9. Қарзҳо (маълумоти фаврӣ) Бақияи умумӣ: Дар нӯҳ моҳи с.2008 4 713,5 млн. сомониро ташкил дода буданд. Дар ҳамин давраи с.2009 бошад, ба 5 612,3 млн. сомонӣ баробар шуданд, ки 19,1% зиёд мебошад.  Афзоиш бо пули миллӣ 11,5% ва бо асъори хориҷӣ 26,0%-ро ташкил дод. 44,5%-и қарзҳо бо пули миллӣ ва 55,5%-и боқимонда бо асъори хориҷӣ дода шудаанд.  Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ 3 309,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1% зиёд аст. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда дар дар ҳамин давра 2 557,3 млн. сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,8% афзуд.  Ҳаҷми қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат 4 624,7 млн. сомонӣ ва ҳаҷми қарзҳои дарозмӯҳлат 987,6 млн. сомониро ташкил доданд. Мӯҳлати миёна аз 343 то 365 рӯз расонида шуд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 22,6% ва бо асъори хориҷӣ 24,9%-ро ташкил дод.  10. Қарзҳои хурд (маълумоти фаврӣ) Дар 9 моҳи с.2008 ба 1 318,4 млн. сомонӣ баробар буд. Моҳҳои январ-сентябри с.2009 он 1 227,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9% (90,6 млн.сомонӣ) кам аст.  11. Низоми пардохт Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 8 003,7 ҳазор ададро ташкил доданд, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта - 29,1%; Ҳаҷми умумии пардохтҳо 54 755,9 млн. сомонӣ, камшавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта - 3,9%.  7 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пластикӣ мавҷуд аст. 63 684 адад кортҳои пластикӣ вуҷуд дорад, афзоиш 24,9%;  Дорандагони кортҳо - 66 295 нафар, афзоиш 38,8%; 160 адад банкоматҳо амал мекунанд, афзоиш 45,5%; 144 адад терминали пешниҳоди пули нақд фаъолият доранд, афзоиш 38,5%; 88 адад терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ амал мекунанд, афзоиш 37,5%.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Диданд: 2462

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ