Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Толеъномаи доллар – 2009 То кай қурби асъори амрикоӣ боло меравад?

04.12.2008

Рӯзи душанбе доллар болоравии пирӯзонаи худро идома дода, нисбати қариб ҳамаи асъори асосии сайёра тақвият ёфт. Дар Русия он ҳатто кӯшиши аз нуқтаи 28 рубл гузаштанро кард, вале аз ҷониби Бонки марказӣ ба монеа мувоҷеҳ гашт ва дар қарибии 6 копейка аз мақсад қарор гирифт. Чаро доллар боло меравад, дар сурате, ки иқтисодиёти Амрикоро бӯҳрон фурӯ бурда истодааст? Муҳимтар аз ҳама, то кай ин идома хоҳад ёфт? Таҳлилгарони молиявӣ айни замон “толеъномаҳо”-и худро нисбати доллар барои соли оянда омода карда истодаанд, ки пешгӯиҳои онҳо тасаллибахш нестанд. Бисёриҳо бар он назаранд, ки қисмати аввали сол барои асъори амрикоӣ мусоидат мекунад, вале оғоз аз қисмати дуввуми он асъори номбурдаро масоили ҷиддӣ интизор аст. Зеро Амрико ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрон дастгоҳи чопи пулро бо тамоми қудраташ ба кор даровардааст...  Нерӯи доллар дар заифии умумист  Инак, коршиносон ва таҳлилгарон ба мо чӣ пешгӯӣ мекунанд? Дар моҳи наздик, ҳамчунин дар қисмати аввали соли 2009 доллар болоравии пирӯзонаи худро идома медиҳад. Дар ин маврид, тавре мегӯянд, ба назди фолбину ситорашинос рафтан зарур нест, зеро ин ҳисобу китоби дақиқ аст. Дар айни замон ба ИМА аз тамоми ҷаҳон сармояи ниҳоят зиёд ворид гардида, асъори миллиро тақвият мебахшанд. Аввалан, сармоягузорони амрикоӣ маблағҳоеро, ки ба дороиҳои таваккалӣ гузошта буданд, баргардонида истодаанд. Масалан, онҳоро аз Аврупо бозпас мегиранд. Ҳар қадар талабот ба доллар зиёд бошад, қурбаш ҳамон қадар боло меравад, зеро ин қонуни бозор аст.  Тавре таҳлилгарони UBS-и Швейтсария қайд менамоянд, ҳаҷми сармоягузориҳои фондҳои амрикоӣ ба дороиҳои хориҷӣ бо суръати хеле баланд паст шуда истодааст. Ҳамагӣ чанд моҳ пеш ҳиссаи онҳо 26%-ро ташкил медод, вале дар охири моҳи октябр ин нишондиҳанда то 22,5% коҳиш ёфт. “Ин маънии онро дорад, ки алҳол тамоми заминаҳо барои болоравии минбаъдаи қурби доллар мавҷуд мебошад”, - қайд менамояд стратеги пешбари асъории UBS Мансур Моҳиуддин. Бо ин андеша ҳамкори ӯ аз Citigroup Майкл Харт розӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, дар се соли охир сармоягузорони Амрико ба дороиҳои хориҷӣ қариб 1 триллион доллар ҷойгир намудаанд. Дар айни замон онҳо оҳиста-оҳиста ин маблағҳоро ба ватан бозгардонида истодаанд.  Сониян, боз як сарчашмаи сармоя, ки тавассути он маблағҳо ба ИМА ворид мешавад, сармоягузорони хориҷӣ ба шумор мераванд. Дар лаҳзаҳои номӯътадилӣ дар ҷаҳон дар ҷустуҷӯи ба истилоҳ дороиҳои босифат ҳама якдилона осемасар маблағҳои худро ба коғазҳои қиматноки амрикоӣ, аз он ҷумла ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷойгир месозанд. То чӣ андоза онҳо босифат ҳастанд, ин масъалаи дуюм аст, (Ҳол он ки иқтисодиёти Амрико бузургтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад) вале муҳим он аст, ки ин тарзи рафтор, анъанавист. Аз рӯи маълумоти Вазорати молияи ИМА дар моҳи сентябр сармоягузорон ба коғазҳои қиматноки Амрико маблағҳои ниҳоят зиёд – 143,3 миллиард долларро ҷойгир намуданд. Ва ин ҳавасмандии изофӣ барои болоравии қурби доллар ба шумор меравад.  Ҳукуматдорони амрикоӣ аз вазъи ба вуҷудомада истифода мебаранд. Ҳоло ки талабот ба дороиҳои долларӣ зиёд аст, онҳо қарзгирии худро фаъол гардонидаанд ё дастгоҳи чопи пулро ба кор даровардаанд. Маҳз қарзи зиёдшудаистодаи давлатии ИМА калиди асосии болоравии қурби доллар ба шумор меравад. Амрико бо шиддат ӯҳдадориҳоро нусхабардорӣ намуда, “ҳубоби собун”-и навро бузургтар месозад. Ин маротиба он қарзи давлатӣ мебошад. Табиист, ки дар чунин вазъият талабот ба асъор аз ҷониби сармоягузорон, ки омодаанд ба дороиҳои ба истилоҳ босифат маблағгузорӣ намоянд, зиёд мегардад.  Тавре муайян кардем, замина барои болоравии асъори амрикоӣ ҳоло мавҷуд аст. Ба ақидаи сариқтисодчии Дойче Бонк Ярослав Лисоволик, имкон дорад, ки соли оянда ҷуфти евро – доллар то 1,22 поин меравад. Дар ин ҳолат дар Русия қурби номиналии асъори амрикоӣ бо шарти он, ки нархи нафт дар сатҳи 60 доллар барои як барелл нигоҳ дошта шавад, метавонад то 31 рубл боло равад.  Раҳоии фалокатбор  Дар нимаи дуюми сол бошад, бахт метавонад аз доллар рӯ гардонад. Ё, имкон дорад ба бозпасгардӣ оғоз намояд. Чунин мавқеъро иқтисоддони шинохта – профессори университети Ню-Йорк Нуриэл Рубин, ки ҳанӯз соли 2006 пешгӯӣ карда буд ва ҷузъиёти бӯҳрони мавҷударо нишон дода буд, дастгирӣ менамояд. Ӯ бар ин назар аст, ки дар давоми соли оянда (аз ҳама зиёдаш дар муддати якуним сол) долларро коҳиш таҳдид менамояд. Агар дар соли 2006 ба суханони профессор аҳамият намедоданд, ҳозир бошад, баъди он, ки пешгӯии ӯ амалӣ гашт, ба суханонаш бодиққат гӯш мекунанд. Воқеан, тамоми заминаҳо барои амалӣ гаштани онҳо мавҷуданд. Чаро?  Дақиқ муайян аст, ки таваҷҷӯҳ ба доллар нигоҳ дошта хоҳад шуд, то лаҳзае,ки номуайянӣ дар мавариди ояндаи низоми молиявии байналмилалӣ мавҷуд аст. Соддатар карда гӯем, то лаҳзае, ки мамлакатҳои мутараққии бузург ва рушдёфта дар ҳолати, ба ибораи дигар, дар нуктаи рушд қарор надоранд, доллар зинсавор аст. Дар ҳолате, ки пояи мӯтадилият каме такон ёбад, тамоми паҳлӯҳои нерӯманде, ки дар ҳоли ҳозир асъори амрикоӣ дорад, ба ҷонибҳои заифи он табдил меёбанд.  Ҳамин тариқ, ҷараёни сармоя самти худро тағйир медиҳад. Фондҳои сармоягузории амрикоӣ аз сари нав ба ҷойгир намудани маблағҳои худ ба дороиҳои таваккалӣ ва сердаромад, қабл аз ҳама, ба бозорҳои рӯ ба тараққӣ шурӯъ менамоянд. Сармоягузорони дигар давлатҳо низ ҳамчунин, намехоҳанд ба даромаде, ки аз ҳисоби коғазҳои қиматноки амрикоӣ ба даст оварда мешаванд, қонеъ бошанд. Ва ниҳоят сиёсати фалокатбори низоми захиравии федеролӣ барои доллар, ки аллакай то ҳадди ақал меъёри фоизиро паст кардааст, аз худ дарак медиҳад. Ана дар ҳамин маврид пулҳо ба дигар бозорҳо равона мегарданд.  Дар ин вазъият долларро ҳеҷ чизе кӯмак карда наметавонад. (Пештар дар чунин вазъиятҳо ӯро танҳо ҷанг дар Аврупо наҷот медод). Акнун ӯ яккаву танҳо бо фишори иқтисодии ретсессия, касри буҷет ва тавозуни савдо рӯ ба рӯ мемонад. Вобаста ба ин, тамоми ин масоил то дараҷаи охир ба иллати сиёсати қарзгирӣ, ки аз ҷониби маъмурияти феълӣ ва оянда татбиқ мешавад, муташанниҷ мегардад. Бешубҳа, пулҳои ИМА барои наҷоти иқтисодиёт заруранд. Вале масоили кӯҳнашуда воқеан ҳам ҳиссаи хеле калони даворо талаб карданд.  “Амрикоӣ” хоҳони ҷаннат аст, аммо қарзҳо монеаанд  Бо вуҷуди он ки маъмурияти Буш ба воридсозии маблағҳои бузург, ки аллакай 1,4 триллион долларро ташкил додааст, даст зад, иқтисодиёти Амрико аз зинда дида, мурда ба назар мерасад. Президенти интихобшуда Барак Обама алҳол ба тахти мансаб нанишастааст, вале аллакай ба чапу рост пулҳои набударо ҳаво медиҳад. Нақшаҳои наполеонии ӯ, ки бояд самаранокии дастаи нави ӯро ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, сохтмони роҳ ва ғайра бояд нишон диҳад, триллионҳо ва триллионҳо долларро талаб менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар ду-се соли наздик 7,5 трлн. доллар лозим аст.  Суол ба миён меояд, ки аз куҷо пул бояд пайдо кард? На аз буҷети касодгаштаи ИМА. Чун ҳамеша ягона роҳи халосӣ ин қарз гирифтан аз хориҷа. Шубҳае нест, ки маъмурияти Обама бузург кардани “ҳубоби собун”-и қарзи давлатиро идома медиҳад. Дар ҳоли ҳозир танҳо ӯҳдадории ҳукумати федеролӣ 10,6 трлн. долларро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, аз сармоягузорони хориҷӣ ҳукумати мамлакат 2,6 трлн. доллар қарздор аст. Агар ба ин рақам қарзи берунии бахши хусусӣ зам карда шавад, он 13,8 трлн. долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда амалан ба ММД-и мамлакат мувофиқат мекунад. Бо чунин нишондодҳо ва хароҷот доллар танҳо метавонад дар “давраи низомӣ” –и бӯҳрон рӯи об монад. Дар давраи осоиш асъори мамлакат, ки дар чунин ҳолати номӯътадилӣ қарор дорад ва аз ҳама қарздору манбаи дигари даромад мавҷуд нест, моҳиятан асъори устувор буда наметавонад.  Он назари некбинонае, ки ҳукуматдорони ИМА доранд, бешубҳа сӯи онҳо самти муқобил мегирад. Тавре чанде пеш мушовири иқтисодии Обама Ларри Саммерс изҳор дошт то лаҳзае таваҷҷӯҳ ба коғазҳои қиматноки давлатӣ вуҷуд дорад ва талабот ба онҳо нисбат ба пешниҳодот зиёд аст, набояд аз қарзҳои зиёдшудаистодаи давлатии ИМА изҳори нигаронӣ кард. Зеро. вақте вазъият тағйир меёбад, хавотир шудан дер мешавад. Тавре маълум аст, ҳама гуна ҳубоб дер ё зуд мекафад, ҳатто ҳубоби долларӣ.  ИМА аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст?  Қарздиҳандагони асосии ИМА Япония ва Чин ба шумор мераванд. (Ба онҳо 40 фоизи қарзи давлатии ИМА рост меояд). Ба якумин – Америка 583 млрд. доллар, ба дуюмин 503 млрд. доллар (бе назардошти қарзҳо дар назди Гонконг ва Макао) қарздор мебошад. Русия дар рӯйхати қарздиҳандагони Амрико дар ҷои ҳаштум қарор дорад. То 30 июни соли 2008 ҳиссаи қарзи давлатии Амрико дар назди Русия 65,3 млрд. доллар, ё 2,5 фоизро ташкил медиҳад.  Ҳисобкунак аз ҳад гузашт  Қарзи давлатии ИМА бо чунин суръат зиёд мешавад, ки ҳатто дастгоҳи техникӣ ҳам қудрати ҳисоб кардани онро надорад. Дар шаҳри Ню-Йорк, дар наздикии Times Sguare ҳисобкунаки қарзи миллӣ гузошта шудааст. Ташаббускори пайдо шудани он дар соли 1989 соҳибкор Сеймур Дюрст буд, ки мехост бо ин амали хеш таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба қарзи бузурги давлатии ИМА ҷалб намояд. Дар он давра қарз 2,7 трлн. долларро ташкил медод. Дюрст ҳатто гумон карда наметавонист, ки ягон вақт ин қарз аз 10 трлн. ҳам мегузарад.  Аммо ин ба амал омад, ки ба хароб гаштани дастгоҳи техникӣ оварда расонд. Оддӣ карда гӯем, дар “Ҳисобкунак” нишондиҳандаҳои рақамҳо тамом шуданд. Дар соли оянда ваъда додаанд, ки дастгоҳ такмил дода шуда, ду рақам илова мегардад. Дар ин сурат “Ҳисобкунак” метавонад қарзи ИМА-ро нишон диҳад, агар он аз квадриллион доллар ҳам гузарад. Оё кор то ин рақам мерасад? Гуфтан мушкил аст. Дар саҳифаи интернетие, ки нусхаи вертуалии “Ҳисобкунак” ҷой дода шудааст, чунин навиштаҷоти огоҳкунандае мавҷуд аст: “Аз 28 сентябри соли 2007 сар карда, қарзи миллӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 3,86 млрд. доллар зиёд шуда истодааст. Хавотир шудед? Дар ин сурат ба конгресс ва ё Қасри Сафед муроҷиат намоед.

Диданд: 6543

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ