13 марти соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ҳайати Бонки Ҷаҳониро, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо марҳилаи дуюми “Барномаи тақвият бахшидани бахши молиявӣ ва рушди бахши хусусӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои бисёрсола ва дастгирии пайвастаи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, арзи сипос намуда, иброз дошт, ки айни замон Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи се лоиҳа, аз ҷумла “Асосҳои рақамии Тоҷикистон”, “Устувории низоми молиявӣ ва таҳкими бахши хусусӣ” ва марҳилаи дуюми “Барнома оид ба таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон” ҳамкориро идома дода истодааст.
Фирдавс Толибзода саҳми Бонки Ҷаҳониро дар татбиқи муваффақонаи кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишвар назаррас арзёбӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар доираи Барномаи дастгирии техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба устувории бахши молиявӣ, ки аз ҷониби SECO маблағгузорӣ мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Коршиноси калони бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Пиетро Каличе дар навбати худ аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Ҷаҳониро барои ҳамкории судманд иброз дошт.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла маблағгузории иқтисоди сабз, хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, татбиқи Стратегияи фарогирии молиявӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории низоми пардохт, узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”), рушди бозори коғазҳои қиматнок ва барориши вомбаргҳои сабз, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд иброз дошта, зикр намуд, ки ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи онҳо тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард.
Шуъбаи матбуоти
БМТ