7 марти соли 2024 ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад ва иштироки кормандону бонувони собиқадори бонк чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс нахуст бонувонро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Рӯзи Модар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷашни расмӣ эълон шудааст, самимона муборакбод гуфта, иброз дошт, ки воқеан модар дар ҳамаи давру замон рамзи бақову сарсабзии зиндагии инсон мебошад. Бинобар ин, дар айёми баҳори сарсабз ва дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мутобиқ омадани ҷашни Рӯзи Модар беҳикмат нест ва алоқамандии азалию абадии ин ҷашнҳоро собит менамояд.
Тавре маълум аст, маҳз мақоми баланди модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва рафтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб шуд, ки инсоният дар ҳама давру замон модарро ба сифати бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дорад ва азиз шуморад. Бинобар ин, мо ҳам ҳамеша ниёз ба модарон дорем ва ҳангоми пеш омадани ҳар гуна мушкилот аз модарон мадад меҷӯем.
Фирдавс Толибзода таъкид намуд, ки ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид муҳайё намуд. Ҳамчунин боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Тавре дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми зан дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта шуда, барои модарону бонувон шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шуд.
Дар робита ба масъалаи модарон номбурда қайд намуд, ки имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Масалан, миқдори қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда дар соли қаблӣ 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.
“Бояд гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва пешбарии бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Айни замон, занон 248 нафар ё 29,1 фоизи кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 38 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
Соли гузашта 66 нафар мутахассис ба вазифаҳои баландтар гузаронида шуданд, ки аз ин шумора 16 нафар бонувон мебошанд. Бояд гуфт, ки дар оянда низ ҳангоми интихобу ҷобаҷогузорӣ ва қабули кормандон ба кор ба занону духтарони кордону болаёқат афзалияти бештар дода мешавад” – изҳор дошт Фирдавс Толибзода.
Сипас, дар назди ҳозирин сардори шуъбаи тарҷума, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода дар робита ба ҷашни Рӯзи Модар маъруза намуда, бонувонро бо ҷашни зебою нотакрори Рӯзи Модар муборакбод гуфт.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз ҷониби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон шеъру модарнома дар васфи зан – модар ҳамчун рамзи бақову сарсабзии зиндагии инсон қироат гардид.
Барномаи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби ҳаваскорон ки асосан ба васфи зан-модар бахшида шуда буд, хотири аҳли нишастро болида гардонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бори дигар бонувони Бонки миллии Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми занони низоми бонкии ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон бахту саодат, ободию осудагӣ ва хушҳолию хушрӯзӣ орзу намуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ