Қонунгузории бонкӣ

Қонунгузории бонкӣ
Қонунгузории бонкӣ – соҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз низоми санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии танзими фаъолияти бонкӣ иборат аст. Асоси қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонун «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ташкил медиҳанд.

Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, усулҳои ташкили он, вазифаҳои асосӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақсад ва воситаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ, усулу тарзҳои танзиму назорати бонкӣ, тартиби таҷдиди сохтор ва барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, ташкили гардиши пул ва ҳисоббаробарӣ ва дигар вазифаю ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Дар Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мафҳуми бонк ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ҳамчунин низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, феҳристи амалиёти бонкӣ, усулҳои муносибати мутақобилаи бонкҳо бо муштариён ва давлат, тартиби ташкили бонк, бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти он (аз ҷумла бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ), асос барои бозхонди иҷозатномаи анҷом додани амалиёти бонкӣ, мафҳуми «сирри бонкӣ», усулҳои ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳӣ, тартиби тафтиши аудиторӣ муқаррар карда шудааст.

Танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ ҳамчунин аз тарафи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар айни замон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрие қабул гардида амал менамоянд, ки ба тартиби бақайдгирии бонкҳо ва иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ тааллуқ дошта, меъёрҳои ҳатмии фаъолияти онҳо ва тартиби истифодаи муҷозот ба бонкҳоро дар ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории бонкӣ, аз ҷумла тартиби бозхонди иҷозатнома, тартиби анҷом додани ҳисоббаробарии ғайринақдӣ муқаррар месозанд ва дигар масъалаҳои фаъолияти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим меоранд.