Озмун

Вазифаҳои холӣ
30.08.2021

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти аудити дохилӣ

I

Сараудитор – директори Департамент (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5-сол (на камтар аз 3-сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда) дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ;
  • доштани сертификати касбии соҳаи аудит ва ҳисобдорӣ (CIPA, CPA, CIA, ACCA, CAP ва ғ.)
  • донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забонҳои русию англисӣ – ҳатмӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ.

II

Сардори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донистани стандартҳои байналмилалӣ, расмиёт ва методҳои аудити дохилӣ;
  • донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
  • доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ;
  • донистани стандартҳои байналмилалии СOBIT, COSO, ITIL, TOGAF, ISO 27001 ва ғайра;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;

III

Аудитори дараҷаи I - шуъбаи аудити молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзадҳо:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ҳатмӣ, сертификати СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

IV

Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти

фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор), СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.

V

Аудитори дараҷаи III бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ);
  • донистану фаҳмидани моҳияти СOBIT, COSO, ITIL ва ғайра - афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
  • таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ.

Идораи низоми пардохт

VI

сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва рушди

хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё техникӣ;
  • донистани қонунгузорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ, низомҳои пардохтӣ ва технологияҳои молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, технологияҳои молиявии рақамӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ.

VII

Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди

хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё техникӣ;
  • дониши кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, технологияҳои молиявии рақамӣ;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ.

IX

Мутахассиси пешбари шуъбаи пардохтҳои байнибонкӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё иқтисодӣ - техникӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ оид ба соҳаи бонкӣ, фаъолияти низомҳои пардохтӣ, қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо;
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клирингӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ.


Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб

Шуъбаи назорати бонкӣ

X

Ҳуқуқшинос (шартномавӣ) (1 ҷой)

Талабот ба номзад:


  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
  • доштани собиқаи кори ҳуқуқӣ на камтар аз 2 сол;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инҷунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point)
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 17.09 c.2021


Возврат к списку