Озмун

Вазифаҳои холӣ

15.03.2024 Эълони Озмун

ИДОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МОЛИЯВӢ

I
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи танзим
ва методология (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
  • доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои ситеъмолкунандагони хизматрасониҳои моилявӣ, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.

 

13.03.2024 Эълони Озмун


Департаменти технологияҳои иттилоотӣ 

  I

Мутахассиси пешбари шуъбаи коркард ва
пешбурди барномаҳо (1 ҷой)


  Талабот ба номзад:

  • Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз забонҳои барномасозии JavaScript, Java, Python, C#, PHP, Golang ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз фреймворкҳои Angular, VueJS, React, Django, Laravel, ASP.NET Core ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз пойгоҳҳои маълумотҳои MS SQL, Postgresql, MySQL ва ё дигар;
  • Доштани маълумоти кофӣ оид ба техникаи ҳисоббарор ва чопӣ, таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ;
  • Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
  • Донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ;
  • Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.


11.03.2024 Эълони Озмун

ДЕПАРТАМЕНТИ ҲИСОБДОРӢ

  I
  Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва
таҳияи ҳисоботи молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад: 

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар самти таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камарзишу зудфарсо, инчунин малакаи иҷрои дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
  • малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои оморӣ доир ба воситаҳои асосӣ;
  • доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва дигар;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

16.02.2024 Эълони Озмун

ДЕПАРТАМЕНТИ НИЗОМИ ПАРДОХТ

I
Сармутахассиси идораи рушди пардохтҳо
ва интиқоли маблағҳо (2 ҷой)   

Талабот ба номзад: 

  • таҳсилоти олии молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё технологияҳои иттилоотӣ;
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низоми пардохтҳои босуръат (IPS), QR-рамз ва ғайра) ё низомҳои мушаххаскунии фосилавӣ;
  • дониши кофӣ вобаста ба хизматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар татбиқ ва ҳамгироии низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи кор дар самти дастгирии низомҳои пардохтӣ ва маъмурикунии низомҳои пардохтӣ (идоракунӣ ва маъмурикунии пойгоҳҳои маълумотӣ афзалият дорад);
  • доштани дониши кофӣ оид ба кори таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми пардохтӣ;
  • малакаи баланди кор бо барномаҳои MS Office (донистани Word, Excel, PowerPoint, Visio – ҳатмӣ), донистани яке забонҳои барномасозӣ афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.

13.02.2024 Эълони Озмун

Департаменти мониторинги молиявӣ

I

Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (1 ҷой) 

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ (иқтисодӣ);
  • малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
  • доштани таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 1 сол;
  • донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, донистани тавсияҳои ФАТФ ва типологияҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, асосҳои иқтисодиёт ва таҳлили иқтисодӣ, қонунгузории идоракунии фаъолияти шахсони ҳисоботдиҳанда, фаъолияти ҳисобдорӣ, фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ, инчунин паҳлуҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба самти мазкур алоқаманд мебошанд;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дорад.



Новости 1 - 5 аз 71
Аввал | Пешӣ | 1 2 3 4 5 | Баъдӣ | Охир