Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Tolibzoda_1.jpg

ТОЛИБЗОДА ФИРДАВС НАЗРИМАД

 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Толибзода Фирдавс Назримад 11 марти соли 1980 таваллуд шудааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ буда, Донишгоҳи Шарқи Миёназамини Ҷумҳурии Туркии Кипри Шимолиро бо ихтисоси бонкдорӣ ва молия хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии Толибзода Фирдавс Назримад соли 2003 дар Бонки миллии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.  Номбурда нахуст дар Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии БМТ ба ҳайси иқтисодчии дараҷаи II ва иқтисодчии пешбар ифои вазифа намудааст.

Толибзода Ф.Н. солҳои 2009-2010 дар Магистратураи Институти миллии олӣ оид ба фанҳои сиёсии Токио таҳсил карда, баъди анҷоми он то соли 2015 дар вазифаҳои сариқтисодчӣ, сармутахассис, муовини сардори шуъбаи назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва шуъбаи бозрасии дувуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Сипас ба ҳайси  муовини сардор, сардори Идораи таҳлил ва иҷозатномадиҳии Департаменти назорати бонкӣ ва солҳои 2020-2021 дар вазифаи муовини директори Департаменти назорати бонкии БМТ фаъолият анҷом додааст.

18 январи соли 2021 Толибзода Фирдавс Назримад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва 17 августи соли 2022 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2024, №681 Толибзода Фирдавс Назримад Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, забонҳои  англисӣ, русӣ ва туркиро медонад.

 

 


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ