Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд

23.04.2019

Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, таҳти №129 «Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд», дар таҳрири нав қабул гардид.

Тартиби мазкур аз 8 боб иборат буда, мутобиқи моддаҳои 17.1 ва 17.2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва қисмҳои 7, 8, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” таҳия шуда, қоидаҳои манъ ва бекор кардани манъи молу мулки (воситаҳои) шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое, ки бо терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд, инчунин таҳияи рӯйхати ин гуна шахсонро барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки дар қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбинӣ шудаанд, муайян мекунад.

Ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳандаро зарур аст, ки талаботҳои Тартиби мазкурро татбиқ намоянд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

Диданд: 2868

Бозгашт