Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
Саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон

Ахбор

23.12.2019

Курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ

Аз 9 то 13 декабри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ(ҶСК "Ориёнбонк"; ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”; ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон”; ҶСК “Тавҳидбонк”; ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”; ҶСК ТАҚХ “Ҳумо”; ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ Молия”; ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА”; ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя”; ҶДММ ТАҚХ “Амонат-Қарз”; ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”; ҶДММ ТАҚХ “Сарват М”; ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориён”) доир гардид. Қобили қайд аст, ки курси омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Департаменти мониторинги молиявӣ, ки бевосита дар низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО фаъолият менамоянд, гузаронида шуд.

NBTL4685.JPG

Шунавандагони курс пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ дониши худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО васеъ намуда, дар фаъолияти худ истифода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ба шунавандагони курсҳои омӯзишӣ сертификат доир ба хатми курси умумӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО пешниҳод карда шуд.


Диданд: 2456

Бозгашт

x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ