Маълумот оид ба барномаҳои таълимӣ дар макотиби олии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ дар соли 2022

01.11.2021

Маълумот оид ба барномаҳои таълимӣ дар макотиби олии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ дар соли 2022

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ дар соли 2022 оғоз гардидааст.

Вобаста ба ин, дар сурати ҳавасмандӣ, маълумот оид ба қабули довталабон барои таҳсил дар Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ замима мегардад.

Инчунин, довталабон метавонанд барномаи мувофиқашавандаи худро аз буклети нави Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ, ки барои интихоби макотиби олӣ ва барномаҳо аз тарафи Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия (Росфинмониторинг) пешниҳод гардидааст, интихоб намоянд (буклет замима мегардад).

Бояд қайд кард, ки марҳилаи бақайдгирии довталабон то 25 ноябри соли равон дар сомонаи education-in-russia.com муайян гардидааст.

Истиноди зарурӣ барои қабули довталабон:

https://mumcfm.ru/news/otkryt-prijom-zayavok-inostrannyh-kandidatov-na-postuplenie-v-2022-2023-uchebnom-godu-v-rossiyskie-universitety-uchastniki-mezhdunarodnogo-setevogo-instituta-v-sfere-pod-ft

https://aml.university/news/otkryt-prijom-zayavok-inostrannyh-kandidatov-na-postuplenie-v-2022-2023-uchebnom-godu-v-rossiyskie-universitety-uchastniki-mezhdunarodnogo-setevogo-instituta-v-sfere-pod-ft

Рӯйхати ихтисосҳо дар макотибҳои олии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар самти МҚД/МТ

Телефон барои тамос: (+992) 44-600-76-26; (+992) 44-600-36-87

Диданд: 1238

Бозгашт