Оид ба ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

25.11.2022

Оид ба ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Аз 21 то 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.

Рӯзҳои 21-22 ноябр гурӯҳҳои кории ин ниҳод, аз қабили Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии тарафайн ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, Гурӯҳи корӣ оид ба типологияҳо ва муқовимат ба маблағгузории терроризму ҷинояткорӣ ва Гурӯҳи корӣ оид ба кумаки техникӣ масъалаҳои вобастаи самти худро баррасӣ намуданд.

NBTL4093-1.JPG

Дар доираи ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйирот ба раванди даври дуюми баҳодиҳии тарафайни ГАО, ҳисоботҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, механизми мониторинги ҳолати оперативӣ дар кишварҳои аъзои ГАО дар самти хавфҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ, мутобиқнамоӣ ва ҷамъоварии тадқиқоти қаблии ГАО, мубодилаи амалия, раванди омӯзиши типологӣ ва таҷрибаи автоматикунонии корҳои таҳлилӣ, ворид намудани тағйирот ба Регламенти баргузории ҷаласаҳои пленарӣ ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ, инчунин дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Дар ин асно, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бинобар риояи талаботҳои вогузоршуда ва мониторинги ҳамаҷонибаи ҷамъоварии маблағҳо ва саривақт пешниҳод намудани маълумотҳо дар ин самт, ҷонибдорӣ карда шуд.

NBTL4145-2.JPG

Ҳамзамон бо ин, дар ҳафтаи пленарии ГАО рӯзи 23 ноябр аввалин Форуми намояндагони парлумони кишварҳои аъзои ГАО баргузор гардида, аз ҷониби Тоҷикистон дар кори Форум Шоҳмурод Рустам - раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният иштирок ва суханронӣ намуд.

Инчунин, дар ин рӯз ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии кишварҳо-аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид.

Рӯзҳои 24 ва 25 ноябр ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм доир гардид, ки дар он бо сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ баромад намуд.

NBTL4111-2.JPG

Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ализода Зариф – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок ва аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи чорабинӣ муҳокимаронӣ намуданд.

Боиси зикр аст, ки ГАО яке аз гурӯҳҳои минтақавии намуди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии зидди пулшӯӣ (ФАТФ), соли 2004 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии гурӯҳи мазкур мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар кишварҳои аъзо ва минтақа буда, нуҳ давлат: Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳиндустон шомили он мебошанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Диданд: 728

Бозгашт