Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат, истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди муътадили нишондиҳандаҳои пулӣ барои расидан ба мақсади асосии нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо дар соли оянда муайян менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 1 ноябр лоиҳаи Дурнамои мазкурро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.