Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва пулӣ

14.09.2012

    Вазъи иқтисодиёти кишвар дар ҳашт моҳи соли 2012 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфта истодааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми ММД ба 20,4 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла вусъати бахши гардиши савдои чакана 18,9 фоиз, хизматрасонӣ 14,0 фоиз, саноатӣ 11,7 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10,2 фоиз афзуд.
    Сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам аст. Асосан он аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 13,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 фоиз ва маҳсулоти озуқа 2,0 фоиз ба вуқӯъ омад. Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 1,8 фоизро ташкил дод.
    Татбиқи мутавозунии сиёсати пулию қарзӣ таи ду соли охир дар доираи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати пулию қарзӣ ба роҳ монда шуда, баҳри нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳо, таъмини фаъолияти устувории низоми бонкии кишвар ва дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои пулӣ равона гардид.
    Дар ҳашт моҳи соли 2012 вобаста ба паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, меъёри бозтамвил аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, бо дарназардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт барои пасандозҳо бо пули миллӣ 2,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, мутаносибан дар саҳи 5,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардид.
     Дар натиҷаи саривақт анҷом додани амалиёт бо истифода аз фишангҳои пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб меравад, таи солҳои 2011 – 2012 мунтазам афзоиш ёфта, ба санаи 31 июли соли 2012 маблағи 3836,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,2 фоиз афзоиш ёфт. Ин афзоиш аз таҳкими устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.    
    Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, ки тибқи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати молиявию иқтисодӣ дар доираи барномавӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба монанди Захираҳои софи байналмилалӣ, Дороиҳои умумии хориҷӣ ва Дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 захираҳои софи байналмилалӣ 31,4 фоиз, дороиҳои умумии хориҷӣ 34,1 фоиз ва дороиҳои софи дохилӣ 30,0 фоиз афзуданд.
    Таъмини босамари гардиши пул, ки вобаста ба талаботи иқтисодиёт амалӣ мегардад, дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аҳамияти беандоза дорад. Дар ин раванд барориши пули нақд бо назардошти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дигар нишондиҳандаҳои бахши воқеӣ сурат мегирад.

Департаменти сиёсати пулӣ

Диданд: 2834

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ