Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Телефони боварӣ барои ислоҳи камбудиҳо ташкил карда мешавад

13.12.2012

    Тавре чанде пеш иттилоъ дода будем, вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, проблемаҳои дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ мавҷудбуда ва паҳлуҳои дигари масъалаи номбурда 10 декабр дар машварате, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардид, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дошт.
    Дар оғози ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуданд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд аст. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи фаъолнокии банкоматҳо тайи ду рӯз комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронд. Дар натиҷа маълум гардид, ки аз 200 банкоматҳои санҷидашуда 54 -тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра кор намекарданд. Ҳамчунин маълум гардид, ки вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад.
    Дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил карда шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи қартаҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст.
    Ҳамчунин қайд гардид, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии проблемаҳои фаъолияти банкоматҳо ва дигар масъалаҳои истифодабарии қартаҳои пластикӣ дар рӯзҳои наздик Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони бовариро ба роҳ мемонад ва ҳар муштарӣ метавонад аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта хабар диҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 1417

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ