Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва сиёсати пулӣ дар соли 2012

08.02.2013

    Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2012 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми ММД дар соли гузашта ба 36,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 16,9 фоиз, хизматрасонӣ 15,3 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти саноатӣ 10,4 фоиз ба қайд гирифта шуд.
    Сатҳи таваррум дар соли ҳисоботӣ раванди муътадилро нигоҳ дошта, 6,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ- 9,6 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ- 5,6 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ- 6,7 фоиз ба миён омад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2012 сатҳи таварруми аслӣ 2,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 банди фоизӣ кам мебошад.
    Бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст гардидани фишорҳои таваррумӣ дар давоми соли 2012 фишангҳои монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили меъёри бозтамвид, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд.Меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 23,8 фоиз то 18,0 фоиз коҳиш ёфт.
    Меъёри захираҳои ҳатмӣ низ, бо дарназардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи ҳисоботӣ мунтазам афзоиш ёфта, ба санаи 31 декабри соли гузашта 4,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 19,4 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши мазкур аз таҳкими рушди иқтисодиёт ва устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.                    
    Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, аз қабили захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ, ки дар доираи Ёддоштҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор муайян мегардад, ба интиҳои соли 2012 ба пуррагӣ иҷро гардида, дар ҳаҷм нисбат ба нишондоди соли қаблӣ мувофиқан 19,2 фоиз ва 7,0 фоиз афзоиш ёфтанд.
    Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он ба роҳ монда, рушди боэътидоли ҳаҷми пул дар муомилот, муътадилии қурби пули миллӣ ва боздоштани болоравии сатҳи нархҳоро дар кишвар, ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум таъмин намуд.

Департаменти сиёсати пулӣ

Диданд: 3344

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ