Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дастпарвари Маркази варзишии БМТ медали биринҷӣ ба даст овард

02.10.2013

    Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар каноэ, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, варзишгари тоҷик, дастпарвари Маркази варзишии Бонки миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ширкат варзид ва сазовори медали биринҷӣ гардид.  
    Тавре Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон изҳор намуд, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки дафъаи 15-ум баргузор шуд, қариб 500 варзишгар аз 22 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13 варзишгар, 1 довар ва 3 мураббӣ намояндагӣ карданд.Шаҳриёр Даминов (дар байн) ҳамроҳи устодонаш Нодир Сафаров ва Ҳасан Шарифов (аз чапу рост) дар каноэи яккаса дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:43.989 мақоми сеюмро соҳиб шуд.


    Мақоми аввалро бо натиҷаи 00:40.648 варзишгари Қазоқистон Сергей Емелянов ва ҷойи дуюмро бо натиҷаи 00:42.165 Элёр Мамадалиев аз Узбакистон сазовор гаштанд.  
    Бояд гуфт, ки варзишгарони 8 кишвари олам соҳиби медалҳои мусобиқот шуданд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.
    Ҳамчунин қобили қайд аст, ки медали ба дастовардаи Шаҳриёр Даминов нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.
    Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон ки дар ин мусобиқот ба ҳайси довар ширкат дошт, меъёрҳои муқарраршудаи довари дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овард ва барои гирифтани ин унвон номзадии ӯ ба комиссияи Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ пешниҳод шуд.
    Дар ҷаҳорчӯбаи мусобиқаи номбурда, дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи XVI Конфедератсияи қаиқронони Осиё барпо гардид, ки дар рафти он ҷаноби Масанори Нарита аз Ҷопон дигарбора раиси ин созмони минтақавӣ интихоб шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 8850

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ