Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад

17.03.2014

Вокуниш ба мақолаи «Аз ширинӣ ба асал!», ки 5 ва 10 марти соли равон дар ҳафтанома ва сомонаи «Фараж» нашр шудааст.

    Бо истифода аз имконияти мусоид тамоми рӯзноманигорони ҷумҳуриро бо фарорасии Иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи фархундапай, ҳамчунин Баҳори нозанин самимона табрик мегӯем ва барояшон комёбиҳои беназирро орзумандем.
    Дар робита ба андешаҳои муаллиф Ҷамила Мирбозхонова оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси ҷой доштани камбудиҳои дар раванди иҷозатномадиҳӣ ва додани қарз иброз менамоем, ки дар мақола барои исботи ин фикр ягон гуна арқому далели қотеъ оварда нашудааст.
    Дар ибтидо оид ба масъалаи иҷозатномадиҳӣ ба ташкилотҳои маблағгузории хурд зикр менамоем, ки баъди зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии онҳо аз соли 2009 ба ин ҷониб шумораи кушодашавии онҳо якчанд маротиба кам шуд. Масалан, агар дар соли 2009 ба 24 ташкилотҳои маблағгузории хурд иҷозатнома дода шуда бошад, пас дар соли 2010- ин нишондиҳанда 5 адад, 2011- 2 адад, 2012 – 4 адад ва 2013 – 4 адад иҷозатномаро ташкил додааст. Дар соли сипаришуда 7 фонди қарзии хурд бинобар сабаби фаъолият накарданашон барҳам дода шуданд, ки ин аз ташаккул ёфтани бозори маблағгузории хурд ва пурзуршавии рақобати солим дар он шаҳодат медиҳад.
    Ташкилотҳои маблағгузории хурд аввал дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо баъди бақайдгирии давлатӣ ва пурра иҷро кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» Бонки миллии Точикистон дар муҳлати то ду моҳи баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар бораи ба ташкилотҳои маблағгузории хурд додан ё надодани иҷозатнома қарор қабул менамояд. Ба маълумоти ҳафтаномаи «Фараж» расонида мешавад, ки ҳамаи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар муҳлати муқараргардидаи қонун иҷозатномаҳои худро гирифтаанд. Бинобар ин, маълумоте, ки дар мақолаи номбурда оварда шудааст, ҳақиқати ҳолро таҳриф мекунад.
    Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи додани қарз ба соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқиро надорад. Танҳо Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» метавонад дар ҳолатҳои фавқулода ҳамчун қарздиҳандаи ниҳоӣ бо шарти аз фоизи бозорӣ ду банди фоизӣ баландтар ва ба муҳлати то 3 моҳ ба ташкилотҳои қарзӣ барои таъмини пардохтпазирии онҳо қарз диҳад. Тибқи маълумоти Идораи амалиёт дар бозори озод, ки масъули амалиёти қарздиҳии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, дар муддати 4 соли охир ягон ташкилоти маблағгузории хурд барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат накардааст. Ба андешаи мо, дар ин робита иддаои муаллифи мақола дар бораи аз ҷониби кормандони Департаменти назорати бонкӣ ба истилоҳ гирифтани «сафедӣ» даъвои бепоя ва иғво мебошад.
    Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки Департаменти назорати бонкӣ салоҳияти ба ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро ин воҳиди сохторӣ барои танзим ва назорати фосилавӣ, санҷиш дар ҷойҳо, инчунин иҷозатномадиҳию тадбирҳои имдодӣ ваколатдор аст, ки ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону қарздеҳон ва таъмини устувории низоми бонкии давлат мебошад.
    Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф аз тартиби воқеии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон доир ба қарздиҳӣ огоҳӣ надорад ва ин боиси ба миён омадани нофаҳмиҳо дар баррасии масъала шудааст.          
    Илова бар ин, таъкид менамоем, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд.
     Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд. Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.      
    Доир ба фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» қайд менамоем, ки муассиси ягонаи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва таърихи тулонии фаъолияти босамар дорад. Аз ин рӯ, ҳамчун бонки «нафақадиҳӣ» муаррифӣ кардани он нодуруст мебошад. «Амонатбонк» дар баробари ба нафақадиҳӣ машғул будан, инчунин ба аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетию дигар субъектҳои хоҷагидорӣ хизматрасонӣ намуда, номгӯи васеи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.
     Ва инак, ба диққати хонандагони гиромӣ мавқеи расмии роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро дар мавриди масъалаи зикргардида манзур медорем.


 
 

    Дар интиҳо қайд менамоем, ки мақола ғаразноку яктарафа буда, муаллифи он дар бораи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳию додани қарз ва хизматрасонии нафақавии БДА ҶТ «Амонатбонк» маълумоти дақиқу мукаммал надорад.
    Боиси таассуф аст, ки надонистани нозукиҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муаллиф ва бидуни таҳлилу таҳрир ба чоп расонидани чунин мақолаҳо аз ҷониби ҳафтанома сабабгори ба иштибоҳ равона кардани доираи васеи хонандагон мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Диданд: 4125

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ