Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти судманд баргузор гардид

02.07.2015

Дар мулоқоте, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 1 июли соли равон бо ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао ва коршиносон оид ба таҳлили барномаҳои ҳамкории ин бонк анҷом дод, масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.


Дар оғози суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба меҳмонон изҳор дошт, ки вазъи макроиқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли равон муътадил буда, бинобар зиёд шудани ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, афзоиш ёфтани пешниҳоди қарз ба субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ба андозаи 7 фоиз зиёд шудани даромад ба ҳар сари аҳолӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар қавитар гашта истодааст.

Мо ба ҳамкорони хитоии худ, ки пешниҳодоти моро ҳамеша дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ менамоем ва боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои судманд минбаъд низ густариш ёфта ба сатҳи нави баландтар мебароянд. Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар омодагии худро барои сари иҷро намудани уҳдадориҳои дар наздаш буда, изҳор медорад, гуфт Ҷ. Нурмаҳмадзода. Дар робита ба ин, барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар айни замон ба ҷалби тақрибан 500 млн. долл. ИМА қарзи дарозмуддати имтиёзнок ниёз дорад. Гуруҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон, ки маҳз бо мақсади пеш бурдани машваратҳо оиди ин масъала ташкил шуда буд, омодааст бо ҳамкасбони хитоии худ корро оғоз намояд. 

Ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Лю Тао бо хушнудӣ изҳор кард, ки мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон ҳам муҳокимаи паҳлуҳои масъала оид ба ҷудо намудани қарз мебошад. Мо фикр мекунем, ки баъди муҳокима ва таҳлили тамоми паҳлуҳои ҳамкориҳои минбаъда имконияти воқейи бастани шартнома оид ба ҷудо намудани қарз ба маблағи 500 млн. долл. ИМА вуҷуд дорад. 

 

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба қарор омаданд, ки Гуруҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Хитой баъди чанде дар шаҳри Пекин машварати дар шаҳри Душанбе оғозёфтаро идома диҳанд. 


Хадамоти матбуоти 
БМТ

Диданд: 2848

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ