Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Маҷмӯи чораҳои фаврии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ самара медиҳанд

30.11.2015

Дар даҳаи сеюми моҳи ноябри соли ҷорӣ вазъи бозори нақдии хариду фурӯши долл.ИМА боз ҳам ноустувор гашта, суръати тағйирёбии қурби нақдӣ нисбати моҳҳои гузашта ба маротиб зиёд гаштааст.

Таҳлили бозор нишон медиҳад, ки кормандони алоҳидаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз чунин вазъ суистифода бурда, бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши долл.ИМА-ро беасос, худсарона баланд мекарданд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура дар ҳайати гуруҳҳои фаврии муштарак 27 ноябри соли ҷорӣ 6 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ТАҚХ «Васлат», ТАҚХ Азизи молия”, ТАҚХ “Вориси замон” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар ш.Душанбе муайян ва боздошт карданд.

Маълум гашт, ки онҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул буданд.

Кайд кардан зарур аст, ки маҳз чунин беинсофӣ ва бемасъулиятии ба ҳамин монанди кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистонро водор кард, ки барои барҳам додани нуқтаҳои мазкур қарор қабул намояд.

Дар робита ба ин, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кард ва он пас аз нашри расмӣ дар амал татбиқ карда мешавад.

Тибқи талаботи Дастурамали номбурда тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. Айни замон муваққатан (то 3 моҳ) амалиёти мубодилавӣ тавассути нуқтаҳои интиқоли пулии дар ин муассисаҳо ҷойгирбуда низ гузаронида мешавад (ба ғайр аз нуқтаҳои интиқоли пулие, ки берун аз ин муассисаҳо ҷойгиранд).

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо муроҷиат ба тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки зарурияти ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар ҳамин муассисаҳои номбурдаи ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд, зеро мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд ва маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад.

Шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд.

Ташкилотҳои қарзӣ имконият ва иқтидори ба асъори хориҷӣ (нақдӣ ва ё ғайринақдӣ) мубодила кардани маблағҳои бо пули нақди миллӣ андухтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доранд.

Яке аз сабабҳои бесобиқа баланд шудани қурби долл. нақди ИМА ин таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ мебошад.

Ба тарсу ҳарос ва таҳлука дода шудан, зудбоварӣ ба овозаю хабарҳои беасосу бардуруғ ба он сабаб мешавад, ки шахсони воқеӣ саросемавор ба мубодилаи маблағҳои пулиашон иқдом карда, ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда розӣ мешаванд ва дар ниҳоят зарар мебинанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамин гуна ҳолат дар моҳи декабри соли 2014 ва дар моҳҳои январ, апрелу майи соли 2015 низ рух дода буд ва бар асари он беқурбшавии сомонӣ тақрибан 18,0 фоизро ташкил дода буд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба овозаю хабарҳо ва маълумоти бардуруғу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба ҳар як ҳолатҳои ҳаннотӣ тавассути рақамҳои телефони боварӣ ва телефони дар нуқтаҳои мубодила мавҷудбуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Дар айни замон ситоди доимоамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ташкил карда шудааст ва онҳо танзиму назорати асъорро дар бозор ҳар лаҳза амалӣ карда истодаанд.

Ва ниҳоят, бо боварии комил метавон гуфт, ки маҷмӯъи чораҳои фаврии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар якҷоягӣ бо мардуми ҳушёру боэҳтиёту хирадманд амалишаванда, метавонанд вазъи имрӯзаи бозори нақдиро тағйир дода, устувории қурби пули миллиро барқарор намоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 5758

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ