Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 16.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2396.01 2453.23
10 4705.05 4817.42
20 9264.01 9485.25
50 22921.82 23469.23
100 45678.88 46769.77

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор

21.12.2015

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон, 19 декабри соли равон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо зиёда аз 60 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ дар бинои бонк мулоқот намуд. Дар ду ҳафтаи охир ин дуюмин вохӯрист, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом медиҳад. 


Ин дафъа низ миёни тарафҳо суҳбати рӯ ба рӯ ва ошкоро сурат гирифт ва дар ҷараёни он масъалаҳои ба фаъолияти минбаъдаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кормандони онҳо вобаста, сабабҳо ва зарурияти ба тартиби нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ гузаштан, баланд бардоштани сатҳ ва маданияти хизматрасонии муосири бонкӣ ба аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев қабл аз ҳама, ҳозиринро бо ислоҳот ва дигаргуниҳои бунёдию сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар, ки талаботи замону ҷомеаи рӯ ба инкишофу тараққӣ ва пешрафта мебошад, шинос намуд. Қайд гардид, ки имрӯз бар асари вазъи ноустувори байналмилалӣ, паст рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла давлатҳои шарикони асосии тиҷоратии кишвари мо дучори буҳрони иқтисодию молиявӣ гардидаанд. Яқин аст, ки ин ҳама мушкилот ба иқтисодиёт ва молияи Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонида, ба кам ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва чун натиҷа ба ноустувории бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ-сомонӣ сабаб шудаанд.


Омили дигари ин ноустуворӣ мутаассифона фаъолияти як қисми кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор мебошад, ки аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, беасос, қурби хариду фурӯши доллари ИМА-и нақдро баланд бардошта, ғайриқонунӣ ба хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиби муқарраршуда, ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавии ғайрирасмӣ даст мезаданд.

Далели мазкур ҳангоми санҷишҳои аз ҷониби гуруҳҳои муштараки корӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки танҳо ба хотири ба эътидол овардани вазъи бозори нақдӣ гузаронида мешуданд, тасдиқи худро ёфт. Ба чунин амали носавоб зиёда аз 40 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур даст задаанд.

Таъкид карда шуд, ки айни замон Бонки миллии Тоҷикистон барои ин қонунвайрокуниҳо кормандони мубодилаи асъорро шахсан ҷарима накарда, танҳо бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурдро ба маблағҳои аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо карда мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ба саволҳои аҳли маҷлис оид ба масъалаҳои ба фаъолияти минбаъдаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кормандони онҳо вобаста посух дода шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд. Тибқи талаботи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ минбаъд танҳо дар хазинаҳои ҳамин муассисаҳо, тавассути низоми мутамаркази электронии амалиётӣ ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад. Гузариш ба чунин як низоми муосири хизматрасонии бонкӣ ногузир буда, талаботи замон аст ва ҳатман амалӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба ин, аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки дорои таҷрибаи бойи корӣ ҳастанду дар қонунвайронкуниҳо даст надоранд, даъват ба амал оварда шуд, ки барои ишғоли вазифаҳои хазиначиёни хазинаҳои амалиётӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Диданд: 5048

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4770 (54.33%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2176 (24.79%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        840 (9.57%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5867 (66.83%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1367 (15.57%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        316 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ