Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

«Тоҷикистон - Қатар: Фарохтар аз тиҷорат»

07.02.2017

5 феврали соли 2017 дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур бо сухани муқаддимавӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуда, баргузории ин мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқоти мазкур дар баробари дигар аъзоёни Ҳукумати ҶТ Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон – Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ширкат доштанд.

Nuraliev_prezent_1.JPG

Дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, низоми бонкӣ ва сайёҳӣ муаррифиномаи муфассал дар мавзӯи Тоҷикистон - Қатар: Фарохтар аз тиҷорат пешниҳод намуд.

Дар оғози муаррифӣ мухтасар аз вазъи макроиқтисодӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ мавриди амал қарор дошта, ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо дорад.

Nuraliev_prezent_2.JPG

Зимни муаррифӣ имкониятҳои мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти чор минтақаи озоди иқтисодӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ, мутобиқ ба талаботи сармоягузорон пурра фарогир будани дараҷаи тахассусияти бозори меҳнат, додугирифти фарох бо шарикони ҳамкор дар самти содирот, аз ҷумла дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, пахта, тилло, энергетика ва дар самти воридот соҳаи маҳсулоти нафтӣ ва филизоти арзон қайд карда шуд.

Nuraliev_prezent_3.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев дар рафти муаррифӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ имконият ва фазои хуб дорад. Аз ҷумла татбиқ гардидани як қатор ислоҳотҳои муҳим, мусоид будани шароит дар самти бехатарӣ ва амну субот ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқи сармоягузорон, мавҷуд будани имкониятҳои гуногуни имтиёзӣ номбар карда шуд. Зикр гардид, ки бо назардошти татбиқи ислоҳотҳо ва ҷиҳати беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, Тоҷикистон дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соли 2010 - 12 зина, соли 2011 – 6 зина ва дар соли 2015 – 36 зина боло рафтааст, ки хеле нишондиҳандаи хуб аст. Дар баробари ин, ислоҳот дар соҳаи низоми электронии андозбандӣ, бюрои таърихи қарзҳо, шароити мусоид барои тавсеа бахшидани соҳаи сохтмон, паст будани сатҳи ҷиноят ва таъмини бехатарии шаҳрвандон, суботи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар, босуръат коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ баён карда шуданд.

Дар рафти маърӯза зикр шуд, ки новобаста аз фазои бӯҳронӣ дар аксари кишварҳо Тоҷикистон тавонист рушди босуботи иқтисодиётро дар кишвар таъмин намояд. Дар муаррифӣ инчунин имкони ба даст овардани даромади сармоягузорон, аз ҷумла диаграммаи зиёд шудани сатҳи даромади сармоягузорони хориҷӣ дар 6 соли охир, муносибати хуб ва пайваст будан ба шабакаи ҷаҳонии ҳавоӣ, имкони дар оянда тавсеа бахшидани хатсайрҳо ба ин кишвар, ҳаммонанд будани арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, дину оин, расму одат ва ҳамгироӣ махсусан қайд карда шуд.

Nuraliev_prezent_6.jpg

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев зимни муаррифӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро асосан ба самтҳои гидроэнергетика, молия, маъдани кӯҳӣ, туризм ва кишоварзӣ ҷалб намуд. Зикр карда шуд, ки дар самти гидроэнергетика имкониятҳои фарох мавҷуд буда, аллакай 8 лоиҳаи махсус таҳия шудааст ва барои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқ аз сармоягузорони ҳузурдошта даъват ба амал оварда шуд. Ҷ.Нуралиев инчунин шароити мусоид барои равона намудани сармоя ба низоми бонкӣ, паст будани сатҳи хавфи амонатҳо ва имконияти хуби даромад, мавҷуд будани имконият барои сармоякунонии бонкҳо аз ҷониби сармоягузории хориҷӣ, рушди бонкдории исломӣ ва мутобиқ кардани қонунгузориро қайд карда гузашт. Дар баробари ин, имконияти мавҷуд будани афзоиши захираҳои байналмилалӣ бо ҷалби сармоягузорӣ қайд карда шуд.

Nuraliev_prezent_4.JPG

Татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла сайёҳати кӯҳӣ самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираи сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардид.

Дар қисмати ниҳоии муаррифӣ платформаи сармоягузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон аз имкониятҳои қонунии сармоягузорон ва сармояи берунӣ қайд гардид. Зикр гардид, ки Ҳукумати ҶТ ба сармоягузорони хориҷӣ дар баробари сармоягузорони дохилӣ ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар додааст ва ба раванди тиҷорати онҳо дахолатнопазир аст. Таъкид шуд, ки барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст.

Nuraliev_prezent_5.JPG

Дар ҷамъбаст аз доираи молиявӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои зикршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар (5-6 феврали соли 2017) дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ яке аз ин санадҳост.

Муаррифӣ: Тоҷикистон - Қатар: Фарохтар аз тиҷорат

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 3726

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ