Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 1 2 3 4
  • Яндекс.Метрика

Баррасии дурнамои рушди бозори байнибонкӣ дар Тоҷикистон

01.05.2017

Бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати бонуфузи “Thomson Reuters company”  рӯзҳои 23-24 апрели соли 2017 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронс дар мавзӯи “Бозори байнибонкии асъор ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Биржаи Москва ва ташкилотҳои қарзии ватанӣ баргузор гардид.

DIZB_1.JPG

Дар рафти конфронс намояндагони ширкатҳои “Thomson Reuters company” ва Биржаи Москва дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи низоми бонкии кишвар масъалаҳои марбут ба низоми музоядаҳо, таҳлили фишангҳои бозорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии мавқеи асъорӣ дар бозори асъор ва имкониятҳои нави платформаи “Thomson Reuters” - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

DIZB_2.JPG

Зимни баргузории чорабинӣ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои “Асосҳои идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ”, “Зарурати батанзимдарории муносибатҳои асъорӣ”, “Таҳлили техникӣ, фундаменталӣ ва қурби асъор”, “Фишангҳои қарзӣ ва бартарияти онҳо барои ташкилотҳои қарзӣ”, “Самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон” бо муаррифӣ баромад намуданд.

DIZB_3.JPG

Дар интиҳои конфронс ҳама иштирокчиён, алалхусус намояндагони “Thomson Reuters company” ва Биржаи Москва аз ин чорабинии хотирмон ва ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, фаъолияти бонкҳои Тоҷикистонро дар бозори байнибонкии асъорӣ хуб арзёбӣ карданд.

Инчунин намояндагони ширкати “Thomson Reuters company” Бонки миллии Тоҷикистонро барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди технологияҳои иттилоотӣ дар бозори молиявӣ қадрдонӣ намуданд.

Шуъбаи матбуоти  
БМТ



Диданд: 2165

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ