Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Барориши нахустини коғазҳои қиматноки давлатии кишвар ба бозорҳои ҷаҳонӣ муваффақона анҷом ёфт

15.09.2017

Гурӯҳи кории коршиносони Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз санаи 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар вохӯриҳо (роудшоу) бо сармоягузорони азими давлатҳои ИМА, Англия ва Швейcария ширкат варзида, муариффии (презентатсияи) барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо муваффақият таъмин намуданд.

1.jpg

Дар вохӯриҳои мазкур Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 300 намояндаи ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ, аз ҷумла Голдман Сакс (дороиҳо - 1,3 трлн. доллари ИМА), Блэк Рок (дороиҳо - 5,4 трлн. доллари ИМА), Пимко (дороиҳо - 1,6 трлн. доллари ИМА), Морган Стенлий (дороиҳо - 420 млрд. доллари ИМА), Фиделити (дороиҳо - 2,13 трлн. доллари ИМА), Веллингтон Менеджмент Груп (дороиҳо зиёда аз 1,0 трлн. доллари ИМА), Ҷ.П. Морган (дороиҳо - 1,7 трлн. доллари ИМА) ва дигарҳо гуфтушунид анҷом дод.

2.jpg

Дар рафти гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ба як қатор масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, тамоюли рушди иқтисодӣ, ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ва меъёри қарзи беруна, вазъи низоми бонкӣ, рафти корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО “Роғун”, ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика, раванди гуфтушунидҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ, диверсификатсияи идораи захираҳои байналмилалӣ, шаффофияти пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ, рафти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

3.jpg

Дар қисмати ҷамъбастии вохӯриҳо санаи 7 сентябри соли 2017 намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» вомбаргҳои давлатиро ба бозор бо муваффақият пешниҳод намуданд.

Тибқи таҷрибаи умумиҷаҳонӣ муайян намудани нархи вомбаргҳо (даромаднокии фоизи купон) аз механизми иқтисоди бозаргонӣ, рейтинги кишвар ва барномаи ХБА вобастагӣ дорад. Дар асоси баҳодиҳии рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуда буд, ки даромаднокии фоизи купони вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон на кам аз 8% солонаро ташкил медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки диққати сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад. Дар натиҷа пешниҳоди хариди сармоягузорон ба вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд. 

4.jpg

Бояд қайд намуд, ки фоизи купони вомбаргҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вомбаргҳои 10-солаи давлатҳои дорои рейтинги “B” дар солҳои 2016-2017 яке аз пасттаринҳо ба ҳисоб меравад. Омили асосии ба даст омадани чунин натиҷа ин 9 маротиба зиёд будани дархостҳо барои хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 290 сармоягузори байналмилалӣ мебошад, ки ин аз боварии сармоягузорони байналмилалӣ дар бомуваффақият ба анҷом расонидани сохтмони иншооти стратегии НБО “Роғун” гувоҳӣ медиҳад.

Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идоракунандагони фондҳо (85%),  хедж - фондҳо (9%), бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ фурӯхта шуданд. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), давлатҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидори намуданд.

5.jpg

Дар навбати худ сармоягузорони байналмилалӣ дар баробари хариди вомбаргҳо инчунин аз омодагии хеш дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз дигар усулҳои сармоягузорӣ ибрози назар намуданд.

Интишори нахустини рейтинги давлатӣ ва барориши муваффақонаи коғазҳои киматноки давлатии кишвар (евробондхо) ба бозорҳои ҷаҳонӣ яке аз саҳифаҳои нави таърихи ташаккулёбии иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ дар 26 соли давраи истиқлолият ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Бонки миллии Тоҷикистон миннатдории худро ба бонкҳои сармоягузорӣ «Райффайзенбанк», «Ситибанк» ва ширкати ҳуқуқии “Морган Люис & Бокиус” барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар барориши аввалин вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сармоя баён менамояд.

Департаменти идораи
захираҳои байналмилалӣ
ва сиёсати қурби асъор


Диданд: 20037

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ