Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Август      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    31 1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Мулоқот бо ҳайати Бонки рушди Осиё

18.10.2017

18 октябри соли 2017 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ҷаноби Прадип Сривастава мулоқоти корӣ доир намуд.

1a.JPG

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷаноби Прадип Сриваставаро бо вазъи макроиқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон нисбати низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ ва фишангҳои муосир, ки барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум заминаи мусоид фароҳам меоварад, изҳори андеша намуд. Ҷамолиддин Нуралиев барои расонидани кӯмаки техникӣ дар ин самтҳо тариқи доир намудани тренингҳо ҷиҳати доир намудани таҳлилу тадқиқотҳои минбаъда, инчунин барои мубодилаи таҷрибаи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар бонкҳои марказии ҳамкор даъват ба амал овард. 

3a.JPG

Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Прадип Сривастава дар навбати худ иброз дошт, ки аз ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд аст ва омодагии ташкилоти худро барои дастгирӣ ва идома додани ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд.

Дар интиҳои мулоқоти судманд ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар бахши беҳбуд бахшидани низоми бонкӣ, татбиқи ислоҳот дар бахшҳои монетарӣ ва фискалӣ идома хоҳанд дод. 

2a.JPG

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ инчунин иқтисодчии Намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Муҳаммад Бобоев ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 3624

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ