Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ

08.12.2017

8 декабри соли 2017 бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии байналмилалӣ «Visa International” ва “UnionPay International” ва ташкилотҳои қарзӣ Форуми “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ” баргузор гардид.

Forum_1.JPG

Дар кори Форум инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва операторони алоқаи мобилӣ иштирок намуданд.

“Мақсад аз баргузории Форуми мазкур пешниҳоди иттилоот оид ба тамоюли рушди самти мазкур, гирифтани иттилоот ва табодули таҷриба дар бораи технологияҳои муосири имрӯза дар самти пардохтҳо, ноилшавӣ ва саҳмгузории ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ ва ширкатҳо барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, инчунин амнияти истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ ва рақамӣ ва танзими онҳо мебошад”, - изҳор дошт зимни ифтитоҳи Форум Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола.

Forum-2.JPG

Дар рафти Форум намояндагони низомҳои пардохтии байналмилалӣ, аз ҷумла мудири генералии Visa International Галим Табилдишев, роҳбари Департаменти маҳсулоти Visa International дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои ҷанубу шарқӣ Кристина Дорош, намояндаи минтақавии UnionPay International Куаниш Танкиев, мудири маҳсулоти UnionPay International Андрей Вонг ва мудири лоиҳаҳои UnionPay International Алексей Шевтсов дар мавзӯъҳои бартарияти пардохтҳои электронӣ, трендҳои технологӣ: имкониятҳои нав барои соҳаи банкӣ, ҷараёнҳои муосир дар бахши пардохтҳои ғайринақдӣ маърӯза намуданд.

Forum_3 (2).JPG

Дар навбати худ, иштирокдорони бозори хизматрасониҳои пардохтии кишвар, аз ҷумла, намояндагони Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” БДА ҶТ “Амонатбанк”, ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитаменбонк”, ҶДММ ТАҚХ “Алиф Сармоя”, ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” оид ба раванди пардохтҳои беҳудуд, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар ин самт суханронӣ карданд.

Forum_4.JPG

Дар маҷмӯъ, дар кори Форум масъалаҳои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, имкониятҳои нав барои соҳаи банкӣ, вазъи воқеии бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, мушкилиҳо, самтҳо ва роҳҳои минбаъдаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ баррасӣ гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (марти 2017) заминаи ҳуқуқӣ барои ташкилии фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба тараққиёти низоми пардохт ба амал омад.

Шуъбаи матбуоти БМТ



Диданд: 1246

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.94%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2093 (24.13%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        825 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5840 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.63%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.62%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ