- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи декабр0,4%
- 9,4%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ22,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)10,35
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-декабр)9,93
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-декабр)21,20
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-декабр)16,30
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)22,02
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)21,52
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 23.02.2021 1 USD 11.3035 1 EUR 13.7179 1 RUB 0.1506
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат тасдиқ гардид
29 ноябри соли 2017 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №937 «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» тасдиқ гардид.
Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳуҷҷатҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мақсад ва самтҳои асосии раванди таҳия ва татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзии давлатро дар давраи миёнамуҳлат, пеш аз ҳама барои таъмини иҷрои афзалияти асосӣ – ноил гардидан ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳоро дар доираи ваколатҳои худ муайян менамояд.
Дар ҳуҷҷати мазкур таъмини гузариш ба реҷаи сифатан нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум (инфляционное таргетирование) ва истифодаи реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда” дар давраи миёнамуҳлат пешбинӣ шуда, дар ин асно ҳадафи таваррум дар солҳои 2018-2019 дар доираи 7,0 фоиз (±2 б.ф.) ва соли 2020 дар доираи 6,0 фоиз (±2,0 б.ф) муқаррар карда шудааст.
Баҳри расидан ба ҳадафи таваррум ва пешгирии таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо, Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати монетариро ба роҳ мемонад. Бахусус, тағйири меъёри бозтамвил, амалиётҳои қарзӣ ва амонатии шабонарӯзӣ (овернайт), музоядаҳои қарзӣ ва музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон барои танзим ва идоракунии пардохтпазирӣ бо дарназардошти тағйирёбии нишондиҳандаҳои пулӣ ва вазъи пардохтпазирии низом ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин, мунтазам тағйир додани ҳадафи амалиётӣ аз пулҳои захиравӣ (миқдор) ба меъёрҳои фоизӣ (сифат) бо мақсади идора кардани фоизи қарзҳои бонкӣ бояд таъмин карда шавад.
Инчунин, барои натиҷабахш гардидани реҷаи ҳадафгирии таваррум дар доираи “Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ислоҳотҳои институтсионалӣ ҷиҳати таҷдид ва ташкили механизми самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, бунёди инфрасохтори муосири амалиёти молиявӣ, тақвияти фаъолияти низоми молиявию бонкӣ ва амалисозии дигар афзалиятҳои дахлдор дар давраи миёнамуҳлат идома меёбад.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон пайваста андешидани тадбирҳоро дар самти ғайридолларикунонии низоми иқтисодию молиявӣ, таъмини суботи молиявии низоми бонкӣ ва эмин намудани он аз таъсири омилҳои берунию дохилӣ, пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати макропруденсиалӣ ва идоракунии хавфҳо, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таҳкими инфрасохтори низоми пардохтии ҷумҳурӣ ва дигар чораҳои заруриро идома медиҳад.
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
Диданд: 1831
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ